Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони пул дар дарёи Панҷ шуруъ мешавад



Раҳматкарими Давлат



Як ҳайъат аз мутахассисони ғайринизомии артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои омузиши барномаи сохтмони пули иртиботӣ аз тариқи рудхонаи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба Душнабе омадаанд. Ин ҳайъат ҷои дақиқи бунёди пулро мушаххас хоҳад кард ва бо ин мақсад бо мақомоти маҳалӣ мулоқот хоҳад намуд.

Қарор аст, ин пул дар минтақаи Панҷи поён сохта шавад. Намояндаи низомии сафорати Амрико дар Тоҷикистон майор Тафта Блекбейрн гуфтааст, сохтмони пул имкон дорад дар тирамоҳи имсол оғоз шавад.

Ин иқдом бар асоси тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон ва музокироти чандҷонибаи Амрико, Русия ва Норвегия амалӣ мешавад. Қаблан Амрико сармоягузории барномаи сохтмони ин пулро ба маблағи 12 миллион доллар бар душ гирифта буд.

Ин пул муҳимтарин гузаргоҳ миёни ду кишвар ва ҳамчунин роҳи аслии тиҷорати миёни Тоҷикистон ва Афғонистон маҳсуб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG