Муҳаммадраҳими СайдарВазорати умури дохилаи Русия мегуяд, тайи солҳои 2002-2003 дар Русия 3600-3800 тоҷик зиндонӣ шудааст.
Дар ҳабсхонаҳои боздошти мувақаттии шаҳри Маскав наздик ба 1000 шаҳрвандони Тоҷикистон ним сол аст, ки барои депортатсия таҳти назорат қарор доранд.
Зиёда аз 40 ҳазор тоҷикон дар Русия зиндонӣ ҳастанд. Ҳарсола садҳо тоҷиконро полиси Русия ба ҳалокат мерасонад. Худоёр Дониёров як шаҳрванди Тоҷикистон чоруним сол аст дар зиндон интизори ҳукми додгоҳ ба сар мебарад. Додситонӣ гуноҳи Дониёровро исбот карда натавонистааст, аммо уро раҳо кардан ҳам намехоҳад.
Ин омор ва ин гуфтаҳо дар ҷараёни як конфронси вижа, ки ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ихтисос дошт ва рузи шанбе, 12 июл дар Маскав баргузор гардид, эълом шуд.
Дар конфронс аъзои иттиҳодияҳои тоҷикони муқими Маскав, муҳофизони ҳуқуқ, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Русия ва сафорати Тоҷикистон ширкат доштанд.
Гузоришгари асосии конфронс, Кароматулло Шарифов - раиси созмони "Тоҷикдиаспора" дар Маскав ҳозиронро бо вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ошно кард.
Вай аз ҷумла гуфт: "Бино ба маълумоте, ки мо дар ихтиёр дорем, дар боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳри Маскав зиёда аз 900 тоҷикистониҳо ним сол аст, ки дар интизори депортатсия ба сар мебаранд. Онҳо ба табобат ниёз доранд, аммо ба онҳо кумак намешавад. Танҳо онҳое аз ин муассисаҳо раҳо мешаванд, ки 200 доллар пора медиҳанд. Дар саросари Русия чунин аҳвол мушоҳида мешавад ва гумон меравад, полис, додситон ва додгоҳҳои Русия дар ин замина тиҷорат ба роҳ мондаанд."
Гузоришгари конфронс шумораи зиндониёни тоҷик дар Русияро то 41 ҳазор гуфт. Вай афзуд: "Дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Русия вазъ бадтар аст. Дар зиндонҳои Русия феълан 21 ҳазор зодагони Тоҷикистон маҳбус ҳастанд. Вазорати умури дохилаи Русия мегуяд, тайи солҳои 2002-2003 дар Русия 3600-3800 тоҷик зиндонӣ шудааст. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ аз соли 1992 то кунун зиёда аз 40 ҳазор тоҷикон зиндонӣ шудаанд. Яке аз онҳо Худоёр Дониёров мебошад, ки чоруним сол мешавад, дар зиндони шаҳри Владимир мунтазири ҳукми додгоҳ ба сар мебарад.
Вакили додгоҳии Дониёров, Александр Акимов дар конфронс эълом дошт, ки Дониёров ҳеҷ гуноҳе надорад. Бо қонуншиканӣ, бо иттиҳоми маводи мухаддир зиндонӣ шудааст. Акимов афзуд: "Ман ба бегуноҳии Дониёров сад дар сад бовар дорам, вале бовар надорам, ки уро сафед кардан имкон дошта бошад. Зеро агар вай озод гардад, гунаҳкори боздошти ғайриқонунӣ зиндонӣ шавад."
Гузоришгари конфронс, Кароматулло Шарифов, эълом дод, ки танҳо тайи моҳҳои ахир дар Маскав 28 нафар тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ду нафар бе ҳеҷ гуноҳе аз дасти полис кушта шудаанд.
Намояндаи сафорати Тоҷикистон Одинаев ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Русия нуктаҳои гузоришро рад накарданд, аммо шумораи зиндониён ва кушташудагонро зери суол бурданд. Ширкаткунандагони конфронс дар маҷмуъ вазъи зиндагии муҳоҷирони тоҷикро тоқатшикан тавсиф карданд.