Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаҳои одамрабоӣ дар манотиқи марзӣ



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Убури ғайриқонунии марз ба дасти одамрабоён хурдани шаҳрвандони тоҷикро осон мекунад.

Ахиран Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар минтақаи Кулоб варақаҳоеро бо мазмуни "Эҳтиёткор бошед!", "Қурбонии одамрабоён нагардед!" ва "Кор дар хориҷа: мушкилот ва ҳуқуқи муздурон" паҳн кард.

Тибқи иттилоъи расмӣ, танҳо тули ду соли ахир беш аз 20 нафар аз сокинони навоҳии наздимарзӣ, бо шумули 4 кудак ва 7 зан дар гаравгонии наркобаронҳои афғон қарор доштанд. Онҳо баъдан озод шуданд, аммо аҳолии манотиқи наздимарзӣ мегуянд, то ҳол ҳадди аққал 3 сокини ноҳияи Маскав дар гаравгонӣ қарор доранд.

Як манбаъи муътамад ба Радиои Озодӣ гуфт, чанде қабл як тан аз бонувони маскуни шаҳри Кулоб, ки 5 сол пеш уро наркобаронҳои маҳаллӣ бо роҳи фиреб ба як фармондеҳи афғон ба истилоҳ "ҳадя" бурда будаанд, ба ватан баргашт. Ҳамин манбаъ мегуяд, ин зан дар кишвари бегона соҳиби ду фарзанд шудааст ва танҳо бо як кудакаш тавонистааст, аз ҳарами он қумандони чаҳорзана фирор кунад.

Аз ҷониби дигар, фақру нодорӣ бархе волидайнро маҷбур дорад, ки духтарони худро ба шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ин мавозеъ ба қочоқи автомобилҳои боркаш ва металлҳои ранга, хоса алюминий машғуланд, ба шавҳар диҳанд. Ва агар онҳо бо роҳҳои қочоқӣ марзро убур намоянд, бозпас ба Ватан баргаштанашон хеле душвор хоҳад шуд.

Дар ҳамин маврид, додситонии ноҳияи Восеъ як шаҳрванди давлати Афғонистонро, ки мехост зани тоҷикашро бо роҳҳои қочоқӣ ба Афғонистон бубарад, боздошт кард.

Дар зиндони Кулоб тақрибан 20 шаҳрванди Афғонистон маҳбус аст, ки ҳамагӣ дар шикастани марз ва бархе ба одамрабоӣ дар ивази қарзи фурушандагони маводи мухаддир муттаҳам шудаанд.

Гуфта мешавад, бархе аз гаравгонҳо, ки худ низ бо қочоқи маводи мухаддира сару кор доштаанд, пас аз озод шудан аз банди одамрабоёни афғонӣ дар Тоҷикистон ба муҷозот кашида мешаванд.

Аммо профессор Ҷумъахон Алимӣ, сарвари созмони ҳуқуқдифоъи "Паралакс" мегуяд, дар ин самт кормандони вазоратҳои қудратии кишвар ва марзбонони Русия мустақар дар мавзеъ низ бояд бори масъулият бар душ бигиранд: "Аввалтар аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тобеъ ба ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар маҳалҳо амал мекунанд, ин вазифаи аввалиндараҷаи онҳост дифоъ аз манфиати шаҳрвандон. Дуввуман, модоме ки ҳифзи сарҳадро мувофиқи созишномаҳо ва қарордодҳо нируҳои Русия бар уҳдаи худ доранд, онҳо ҳам бояд ҳамин гуна масъулият дар назди шаҳрвандони Тоҷикистон эҳсос кунанд ва дошта бошанд."

XS
SM
MD
LG