Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом ва давлат дар Осиёи Марказӣ



Мирзои Салимпур

Муносибати байни давлатҳо ва созмонҳои исломӣ дар гузориши Гуруҳи Байнулмилалии Омузиши Буҳронҳо

Гуруҳи Байнулмилалии Омузиши Буҳронҳо дар гузориши хосе пиромуни муносибати байни давлат ва гуруҳҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ менависад, сиёсати кунунии кишварҳои минтақа дар ин замина бояд ҷиддан бознигарӣ шавад.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ шеваи таъқибу фишорро дар меҳвари муносибати худ бо созмонҳои исломӣ қарор додаанд. Давлатҳои минтақа ба хотири осонии идораи умури дин дар ҳар кишвар муфтиёту шуроҳои уламои таҳти контроли худро ташкил додаанд, ки асосан руҳониёни дар ҷаҳони ислом камэътибор, вале мубаллиғи сиёсати расмии онҳоро муттаҳид мекунад.

Фишори давлат зимнан боиси коҳиш ёфтани шумораи мадрасаҳои исломӣ ва ба фаъолияти ғайриаланӣ гузаштани бахши аъзами риштаи таълиму омузиши мазҳабӣ шудааст, ки ба ақидаи Гуруҳи Омузиши Буҳронҳо танҳо аз таҳти контроли давлат хориҷ шудани риштаи маорифи мазҳабӣ ва пойин рафтани савияи умумии маърифати исломӣ дар ин кишварҳоро натиҷа додааст.

Гузориш меафзояд, як таърифи умумӣ барои мафҳуми тундгароии исломӣ низ дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад, вале ҳамаи 5 кишвари минтақа тундгароии исломиро хатари умдае ба пояҳои давлатҳои худ дониста, мехоҳанд бо таҳти контрол овардани ҷараёнҳои мазҳабӣ исломи сиёсиро низ ба як фишанги дигари таблиғи сиёсати худ табдил диҳанд.

Гуруҳи Омузиши Буҳронҳо мегуяд, чунин шеваи муносибат қишрҳои алоқаманд бо исломро дар минтақа ба оғуши созмонҳои ғайримашруъ ва тундгарое ба мисли Ҳизб-ут-Таҳрир тела медиҳад, ки таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ ва ҳукми шариат дар қаламрави тамоми Осиёи Марказиро ҳадаф гузоштааст.

Фишори давлат, менависад ин гузориш, сабаби ташдиди мавзеъгирии гуруҳҳои исломӣ дар муқобили давлатҳои вақти минтақа шуда, дар айни ҳол тавсиъаи ҳамкории Ғарб бо ин ҳукуматҳо аз суи ин гуруҳҳои тундрав ҳамчун аломати эътилофи маҳз ба зидди онҳо арзёбӣ мешавад.

Гуруҳи Омузиши Буҳронҳо дар идомаи гузоришаш Тошкандро ба суи бознигарии қонунгузории динӣ, қатъи шиканҷа ва афви умуми маҳбусони мазҳабӣ даъват карда, хостори манъи сонсури адабиёти исломӣ ва эҷоди шароити озод барои сабти номи муассисаҳои динӣ дар Узбакистон шудааст.

Мустақилияти бештари муфтиёт як машварати умумии ин созмон барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минҷумла барои Тоҷикистон аст.

Аз Душанбе ҳамчунин даъват шудааст, тартиби сабти номи муассисаҳои исломиро соддатар карда, мониаҳои сунъиву нонавиштаи мавҷуда дар роҳи фаъолияти масоҷид, аз ҷумла манъи истифода аз баландгуҳо ба ҳангоми хондани азонро аз миён бардорад.

Як машварати дигар ба давлати Тоҷикистон аз суи ин созмон қатъи таъқиби аъзои ҳизби наҳзати ислом ва эҷоди шароити кофии фаъолият барои ин ягона созмони расман номнависшудаи сиёсии исломӣ дар тамоми минтақа мебошад.

Гуруҳи Байнулмилалии Омузиши Буҳронҳо аз ҷомиаи ҷаҳонӣ хостааст, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтироми усули озодии эътиқод, мурооти муоҳидаҳои байнулмилалӣ дар ин замина, манъи шиканҷаи маҳбусони мазҳабӣ ва баланд бурдани савияи таҳсил дар мадрасаҳои диниро талаб кунад.

Ҷомиаи ҷаҳонӣ бояд бо муассисаҳои динӣ дар Осиёи Марказӣ ва бо толибилмони мадориси исломӣ дар ин кишварҳо ҳусни бештари ҳамкорӣ нишон диҳад, менависад ин гузориш ва меафзояд, Ийолоти Муттаҳида низ бояд дар гузориши солонааш пиромуни риояи озодиҳои мазҳабӣ Узбакистону Туркманистонро дар феҳрасти кишварҳои аз ин лиҳоз мояи нигаронӣ шомил кунад.

XS
SM
MD
LG