Тоҳири СафарГузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс"-и Амрико аз марзи Тоҷикистону Узбакистон.
Посгоҳи марзии "Ойбек" дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон ду симои мухталиф дорад, дар як ҷониб посгоҳи оҳанин бо марзбонони бадқавоқ, кормандони гумрук ва сагҳои буйгири пурғавғо ҷойгир аст ва дар тарафи дуввум, яъне Тоҷикистон - як хандақи назарногир.
Раҷаббой Ҳамроев, сокини деҳаи Ойбеки Узбакистон, воқеъ дар 120 километрии ҷануби шаҳри Тошкант бо ишора ба хандақ, ки аз хонааш чанд қадам дур аст, мегуяд, ин марз аст. Дар ҷониби Тоҷикистон, се мард дар назди он хандақи назарногир пеши гулхане нишастаанд ва чорво бонӣ мекунанд. Деҳаи инҳо аз марз фақат 100 метр дуртар ҷойгир шудааст.
Аммо чунин манзараро дар ояндаи наздик дигар дидан мумкин нест, зеро ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтааст, назорати марзҳояшро аз ин бештар тақвият диҳад. Ин иқдоми Узбакистон, мегуяд хабарнигори "Ассошиэйтед Пресс" дар фазои афзоиш ёфтани танишҳо миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ руи даст гирифта мешавад.
Узбакистон қисме аз минтақаҳои куҳии марзашро аллакай минакорӣ кардааст, ки дар онҳо то кунун беш аз панҷоҳ шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон, ки қисме чорвои худро мечаронданд, қурбон шудаанд.
Баъд аз чунин тасвири марзи Тоҷикистон Узбакистон, хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" бо нигоҳе ба таърихи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мегуяд, ҷанҷолҳои марзӣ, мушкилоти иқтисодиву амниятӣ фазои нобовариву беэътимодӣ миёни ин панҷ кишвари канори ҳамро, ки солҳои тулонӣ марз надоштанд, ба вуҷуд овардааст.
Ин минтақа соли 1920 замони ҳукмронии Иосиф Сталин ба истилоҳ табартақсим ва дар он панҷ кишвар, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба вуҷуд оварда шуд. Акнун хати марзҳо, аз миёни маҳаллаҳое мегузаранд, ки як гуруҳи этникӣ дар онҳо зиндагӣ доранд. Акнун ин кишварҳои соҳибистиқлол ба ҳамдигар даъвои марзӣ доранд, вале ҳеҷ як онҳо давъвоҳои ҳамдигарро намепазирад ва марзҳояшро симхор кашида, посбон монда ва виза ҷорӣ кардааст.
Маҳдудиятҳои рафтуомад ва ҷабри марзбонони бетаҷрибаву, гумрукчиёни фасодкор мардуми маҳаллаҳои марзиро хамшгин кардааст, ки озодии рафтуомад ба хонаи хешовандон ва тиҷоратро аз даст додаанд.
Саодат Олимова - ҷомеашиноси тоҷик - ба "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ин хамши афкори умум ба амнияти минтақа, ки аллакай тундгароии исломӣ гиребонгираш аст, таҳдид мекунад. Ин равиши ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи Саодат Олимова, заминаи хуберо барои фаъол шудани гуруҳҳои ифротӣ, ки хоҳони ташкили давлати ягонаи исломӣ дар минтақа ҳастанд, фароҳам мекунад.
Аммо ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ ба ҷои он ки барои муқобила бо хатарҳои амниятӣ муттаҳид шаванд, баръакс аз ҳам бадгумонтар мегарданд.
Ба гуфтаи "Ассошиэйтед Пресс" Узбакистон кишвари сераҳолитарин ва аз ҷиҳати низомӣ пурқудратарини минтақа бо минакории марзҳо ва қурбон кардани сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ғазабу норозигии ин кишварҳоро барангехтааст.
Гузашта аз ин Душанбеву Бишкек шикоят доштанд, ки бо баҳонаи саркубии тундравон Узбакистон бархе қаламрави онҳоро бомборон кардааст, ҳарчанд ин иттиҳомотро ҳукумати Тошканд рад мекунад.
Кишвари дигари минтақа Туркманистон низ чанде пеш Узбакистонро муттаҳам кард, ки дар ташкили суиқасд ба ҷони раисиҷумҳури ин кишвар Сафармурод Ниёзов даст доштааст. Ҳарчанд Тошканд ин иддаоро низ рад намуд, аммо ҳукумати Ниёзов сафири Узбакистонро аз Ашқобод пеш кард.
Файзулло Исҳоқов - таҳлилгари узбак - ба "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ҳамсояҳои Узбакистон ба ин кишвар бовар надоранд. Ин беэътимодиву бадгумонӣ, ба гуфтаи вай, як захми баде дар иқтисоди минтақа гузоштааст, ки замони шуравӣ иқтисоди ягона, аз ҷумла системаи ягонаи таъмини обу барқу об доштанд.
Адами мувофиқат бар сари қиммати газ баъзан шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Қирғизистон ва Қазоқистонро бе гази узбакӣ гузоштааст, киштзорҳои пахтаву биринҷи Узбакистонро бе об ва деҳоти марзии Тоҷикистонро беғизо.
Саодат Олимова - ҷомеашиноси тоҷик - гуфтааст, Осиёи Марказӣ ба интегратсия ё ҳамоиш сахт ниёз дорад, то ки рушд кунад. Ҳар навъ ҷудоихоҳии кишварҳои минтақа онҳоро ба нестӣ ва фоҷиа мебарад. Аммо дар маҳаллаи марзии Ойбек як чупони тоҷик Комилҷон Тоиров, ки чорвояшро дар назди хонаи Ҳамроеви узбак мечаронд, ба "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, у ва ҳамсояҳояш набояд ҳангоми Узбакистон рафтан, аз посгоҳ гузаранд. "Чаро ман аз тариқи посгоҳ гузарам, дар ҳоле ки ман ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам" - афзудааст вай, бо забони модарии узбакиаш.