Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сарбозони мариз...



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

...дар қисми низомии 5453 мустақар дар ноҳияи Турсунзода

Ахиран додситонии низомии Тоҷикистон парвандаи ҷиноии ду тан аз афсарон Пулод Ҳаётов ва Гурез Табаровро, ки ба ҷурми бемасъулиятӣ дар қиболи саломатии як сарбози қисми низомии 6593 муттаҳам дониста мешаванд, ба додгоҳи низомӣ ирсол дошт.

Гуфта мешавад, чунин бемасъулиятии ин ду афсар боиси марги сарбоз Махсум Шарифов гаштааст. Ҳамчунин ахиран ҳафт нафар аз раҳбарони комиссариатҳои низомии навоҳии мухталиф аз вазоифашон барканор шуданд.

Ба гуфтаи нозирон ба маҳкама кашида шудани афсарони мазкур ва сабукдуш шудани сарварони комиссариатҳои низомӣ нишонаи вуҷуди навоқиси ҷиддӣ дар умури ба аскарӣ ҷалб намудани ашхоси воҷиби шароити аскарӣ ва таъмини шароити хизмат барои сарбозон аст.

Ба гуфтаи мутахассисон баъзе аз комиссариатҳои низомӣ ба манзури хуб ҷилва додани фаъолияти худ ва ба истилоҳ иҷро кардани плани ба сарбозӣ гирифтани ҷавонон ҳатто ашхоси маризро ба аскарӣ мефиристанд ва вазъи чунин сарбозони бемор баъдтар дар казармаҳои аскарӣ бадтар мешавад.

Чунин ашхоси мариз маъмулан аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд, ки ҳангоми муойина тавони додани ришват ба пизишконро барои озод сохтани худ аз хизмати аскарӣ надоранд. Аммо қисмати дигари сарбозон бинобар бадии шароити беҳдоштӣ ва нарасидани ғизо дар ҷараёни ифои хизмати аскарӣ ба бемориҳои гуногун мубтало мегарданд.

Дар ин авохир хоҳари бузурги яке аз сарбозони мариз бо ду нафар зани аламзадаи дигар ба дафтари Радиои Озодӣ муроҷиат карданд. Ин зан, ки номаш Меҳрубону Додова мебошад ва бародараш Шоҳмурод Додов дар қисми низомии 5453 мустақар дар ноҳияи Турсунзода ба хидмати аскарӣ машғул будааст, дар бораи вазъи бародари бемораш мегуяд, фармондеҳон бародарашро барои кишти чигит ба Теппаи Самарқандӣ меоранд ва вай дар он ҷо бемор мешавад ва тайи муддати беморӣ касе ба вай кумаки тиббӣ намерасонад. Ҳатто ҳеҷ касе ба хонаводаи Шоҳмурод Додов дар мавриди бемор шудани вай иттилоъ надодааст.

Яке аз занон, ки нахост номаш зикр шавад ва худро хеши сарбози бемор муаррифӣ кард мегуяд, фармондеҳони қисми низомии 5453 гуфтаанд, хешу табори Шоҳмурод Додов ба ҷойе шикоят накунанд.

Аммо Меҳрубону Додова мегуяд у барои он ки дар аскарӣ бародарашро ба чунин ҳол расондаанд, ба ҳама ҷо шикоят мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, арқом ва омори маргу мири сарбозон дар аскарӣ ба асари бемориҳо ва лату куб аз суи фармондеҳон ва ҳамхизматони онҳо аз ҷониби масъулон ошкор сохта намешавад, вагарна ҳолоти фавтидани сарбозон ба асари авомили мазкур зиёд аст.

Аз суи дигар ноогоҳии ҳуқуқии падару модарон худ заминаро барои худсариву бесарусомонӣ дар хидмати аскарӣ мусоид месозад, зеро то кунун ҳаводиси ба додгоҳ муроҷиат кардани волидон ба иллати марги фарзандони сарбози худ дар ҷараёни хидмати аскарӣ кам ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG