Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зоиров аризаи истеъфо навишт



Саидмуддини Оймуҳаммад

Вай ба иллати риоят нашудани усули демократия дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ истеъфояшро аз Эмомалӣ Раҳмонов дархост кардааст.

Раҳматулло Зоиров, мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ, аризаашро барои дархости истеъфо аз мақоми хеш ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов супурд.

Вай ба иллати риоят нашудани усули демократия дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ истеъфояшро аз Эмомалӣ Раҳмонов дархост кардааст.

Раҳматулло Зоиров, ки раиси Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон низ мебошад, дар ҷараёни омодагӣ ба референдум аз шеваи омодагӣ ба он интиқод намуд, аммо масъулин ва мубтакирини референдум ба назари вай беэътиноӣ карданд.

Муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ Шокирҷон Ҳакимов дар бораи дархости истеъфо намудани Раҳматулло Зоиров чунин мегуяд: "Ба хотири он ки - якум: "як ду изҳороти ҳизби мо, ки таввасути матбуот аз он ҷумла ба президент, ҳукумат ва парламент нигаронида шуда буд, ягон ҷавоб нагирифт, дуюм: "минбаъд дар ҳукумат мондани вай, ҳамчун раиси ҳизбе, ки референдумро қабул надошт, ин ҳам бар зидди демократия, ҳам бисёрҳизбӣ ва ҳам ба манфиати ҳукумат нест" (вай чунин тасмим гирифт).

Ҷаноби Шокирҷон Ҳакимов мегуяд, Ҳизби Сотсиал-Демократ дар ҷараёни омодагӣ ба ҳамапурсӣ тақозо намуд, ки муҳлати баргузории референдум ба таъвиқ андохта шавад ва масоили матраҳшуда дар референдум аз ҷониби мардум ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор бигирад, ба аҳзоби мухталифи сиёсӣ имкони изҳори назар дар мавриди масоили референдум аз тариқи радио ва телевизион фароҳам сохта шавад ва масоили марбут ба истиқлоли ниҳодҳои додгоҳӣ ё судӣ аз идороти иҷроия ва як силсила масоили марбут ба ислоҳоти сохторҳои идораи давлатӣ низ дар радифи масоили референдум гузошта шаванд.

Ҷаноби Ҳакимов ҳамчунин гуфт, тибқи қавонини кишвар тайи ду ҳафта раиси ҷумҳур бояд аризаи мушовири масоили ҳуқуқиашро баррасӣ намояд, ва ба вай посух бидиҳад.

Аммо Раҳматулло Зоиров пеш аз он ки ба вазифаи мушовири аршади ҳуқуқии президент Раҳмонов муқаррар шавад, ба кори ҳизбиву сиёсӣ машғул буд ва дар миёни ҳалқаҳои сиёсии кишвар ва созмонҳои байналмиллалӣ ба ҳайси як сиёсатмадори мутақоид ба арзишҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқшинос шинохта шуда буд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмонов моҳи декабри соли 2001 сирфан барои у мақоми мушовири калони масоили ҳуқуқиро таъсис дод ва уро дар ин вазифа тақаррур намуд, то ба чеҳраи ҳукумати худ пирояи демократӣ будан бибахшад.

Раҳматулло Зоиров мутаввалиди соли 1958 аст ва номзади илми ҳуқуқ мебошад. Дархости истеъфо намудани вай, нахустин чунин дархост дар давраи беш аз 10-солаи президент Раҳмонов дар долонҳои муҳташами ҳукумати вай аст.

XS
SM
MD
LG