Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮСАИД ба Душанбеву Тошканд кумак мерасонад



Соҷидаи Мирзо



Ба хотири мубориза алайҳи нашъамандӣ дар Тоҷикистону Узбакистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин ду кишвар беш аз 16 миллон доллар кумаки молӣ мекунад.

Кумаки молӣ дар чаҳорчуби барномаи панҷсолаи Оҷонсии байналмилалии рушди Амрико ва ё ЮСАИД бо номи "Коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Узбакистон тахсис ёфт.

Тавассути ин барнома оҷонсӣ ба муборизаи ҳукуматҳо алайҳи нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва гуруҳои заъфпазир мусоидат мекунад. Дар баёнияи матбуотии ЮСАИД омадааст, ки маблағи кумак посухест ба пуштибонии Тоҷикистону Узбакистон аз муборизаи байналмилаллӣ алайҳи терроризм.

XS
SM
MD
LG