Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Болтуев: "Навад фоизи мардум ба ҷонибдории ислоҳи Сарқонун раъй доданд."



Абдуқайюми Қайюмзод

Вале таҳлилгарон мегуянд, ки ба далели адами иштироки созмонҳои нозир дар ҷараёни референдум, машруъияти натоиҷи ин раъйпурсӣ зери суол меравад.

Ба қавли Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 96 фоиз ва ё 2 миллиону нуҳсаду шасту чаҳор ҳазор ашхоси бархурдор аз ҳаққи раъй дар ҳамапурсии ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии кишвар, ки рузи 22 июн доир гардид, иштирок ва муносибати худро ба он муайян кардаанд.

Арқоми мазкурро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ рузи душанбе, 23 июн эълом дошт. Масъулони ин идора мегуянд, дар ин раъйпурсӣ беш аз навад дар сад ба ҷонибдорӣ ва танҳо чаҳор дар сад муқобили ислоҳоти Қонуни Асосӣ раъй додаанд.

Мирзоалӣ Болтуев - раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натоиҷи раъйпурсиро ба таври зайл шарҳ дод: "Шаҳри Душанбе тарафдор - 92,57 фоиз, муқобил - 5,21 %. Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ - 93,76 % тарафдор, муқобил - 5,32. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - тарафдор - 91,87 % , муқобил - 7,83 %. Вилояти Суғд - 93,35 фоиз, муқобил - 6,23. Вилояти Хатлон, тарафдор - 92,74 % , муқобил - 6,63 % . Ҷамъ дар ҷумҳурӣ овоз доданд, 2 миллиону 857 ҳазору 685 нафар, тарафдор - 2 миллиону 661 ҳазору 250 нафар, зид - 175 ҳазору 246 нафар."

Ҷаноби Болтуев дар посух ба саволи хабарнигорон дар робита ба ширкати шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, гуфт, аз 220 ҳазору панҷсаду шаш нафар ашхосе, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, 18 ҳазору 511 нафар дар раъйпурсӣ иштирок карданд. Аз ин теъдод шаҳрвандон, ки умдатан мардикорон мебошанд, 273 нафар мухолифи раъйпурсӣ ва боқимонда ба ҷонибдории он овоз додаанд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони хориҷи кишварро, ки бархе аз коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ бештар аз як миллион ҳисоб мекунанд, нодуруст хонд ва афзуд: "Кормандони мо дар ҳамаи масҷидҳо ҳамаи ҳамин рақамҳоро гирифтем. Мо ном ба ном дорем, ки ҳамин руз 220 ҳазору 560 нафар аз Тоҷикистон рафтагӣ ҳастанд."

Аммо ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл худи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони дорои ҳаққи раъйи хориҷ аз кишварро 420 ҳазор нафар гуфта буд.

Мирзоалӣ Болтуев - раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ҳамапурсии ислоҳоти Қонуни Асосӣ, ки дар он наздики сад дар сади атбоъи дорои ҳаққи раъйи кишвар ширкати фаъолона доштааст, бидуни кадом нақзи қонун ва ё шикояте аз суи нозирини байналмиллалӣ баргузор гардид.

Вале таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ба далели адами иштироки нозирони созмонҳои байналмиллалӣ минҷумла СММ ва САҲА дар ҷараёни референдум ва ҳамчунин таҳрими ҳамапурсӣ аз суи бархе неруҳои сиёсӣ машруъияти натоиҷи ин раъйпурсӣ зери суол меравад ва аз суи дигар чунин авомил ба ҳайси василае барои интиқоди президент Раҳмонов аз ҷониби мухолифинаш истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG