Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ дар раъйпурсӣ ширкат намекунад



Раҳматкарими Давлат



Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон рузи душанбе бо доир намудани як нишасти муштараки хабарӣ мавқеъи ниҳоии худро дар мавриди баргузории раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон баён доштанд.

Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) гуфт, бинобар он ки мавқеъи Ҳизби Демократ ва пешниҳодоти ҳизбаш дар бораи таҳияи тарҳи ислоҳот мадди назар гирифта нашудааст, ҲДТ дар раъйпурсӣ ширкат нахоҳад кард.

У гуфт: "Изҳороти Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ҳама созмонҳои байналмилалӣ, парламенти Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон ба тарзи хаттӣ расонида шудааст. Баъди он ки чор ё панҷ руз мондааст барои раъпурсӣ ва ягон натиҷае надод изҳороти мо, мо мутмаъинем, ки раъйпурсӣ ошкору ба тарзи демократӣ намегузарад. Ба ҳамин хотир масъулияти таърихии Ҳизби Демократ дар назди ҷомеаи Тоҷикистон маълум карда, расман эълон мекунам, ки Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ иштирок намекунад."

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мегуяд, дар раъйпурсӣ ширкат мекунад, аммо бар муқобили ислоҳот раъй хоҳад дод.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG