Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 121 нафар дар Маскав бо иттиҳоми узвият дар созмони "Ҳизб-ут-таҳрир"



Тоҳири Сафар

Суолҳои беҷавоби атрофи ин қазия, ки ҳангомаву ғавғоро дар Русия барангехт.

Боздошти 121 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони "Ҳизб-ут-таҳрир", ки ҳангомаву ғавғои зиёдро дар Русия барангехт, суолҳои зиёдеро низ дар зеҳни таҳлилгарон ба вуҷуд овардааст.

Нахустин суол ин аст, ки оё дар ҳақиқат боздоштшудаҳо аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" ҳастанд ва ё аз ҷумлаи ҳамон муҳоҷирони бечораи корӣ мебошанд, ки дар як бинои сарду торик зиндагӣ мекарданд. Маъмурони интизомии Русия то ҳол дар бораи шахсияти дигар боздоштшудаҳо ба истиснои ду нафар чизе намегуянд. Аз ин ду нафар хадамоти федералии Русия ФСБ якеро бо номи Акрам Ҷалолов шаҳрванди Тоҷикистон ном бурдааст ва дигарӣ Алишер Мусоев шаҳрванди Қирғизистон.

Намояндаи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар Русия, Рамазон Раҳимов низ мегуяд, то ҳол маълум нашудааст, ки дастгиршудаҳо муҳоҷирони бегуноҳ ҳастанд, ё аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир": "Он одамоне, ки дастгир шуданд, аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ҳастанд ё нестанд, ин дар як марҳалае ҳаст, ки ягон далелаш ҳоло пешниҳод шудагӣ нест ва ин дар рафти тафтишот маълум хоҳад шуд. Мо пайваста ба вазорати умури дохилаи Русия занг мезанем ва аз онҳо хостем, ки руйхати ҳамон одамонеро, ки дастгир шудаанд ба мо диҳанд, то ба воситаи вазорати умури дохилаи худамон шахсияташонро муайян кунем, ки дар ягон партия ё ягон ҷараён ҳастанд. Мо дар ин самт кор бурда истодаем."

Суоли дигар ин аст, ки чӣ гуна дар бинои муасисае, ки таввасути маъмурони интизомӣ шабуруз посбонӣ мешавад, як гуруҳи бузурги аъзои Ҳизб-ут-таҳрир, маскан гирифта, фаъолият пеш мебурданд. Раҳбарони корхонаи "Графит"-и Маскав, ки муттаҳамон дар як бинои он иқомат доштанд, мегуянд, ҳеҷ имкон надорад, ки тундравон ба истилоҳ "таги бинии онҳо" бошанд ва онҳо аз ин бехабар монанд.

Гузашта аз ин таҳлилгарон шак доранд, ки аъзои ниҳоят пинҳонкори "Ҳизб-ут-таҳрир" бо теъдоди зиёд ва дар Маскав, ки "шаҳри полисҳо" номида мешавад, зери як сақфи бузург ҷамъ оянду фаъолият кунанд. Дар Узбакистон, ки фаъолияти ин ҳизби мамнуъшуда хеле тавсиа ёфтааст, ҳалқаҳои он бо шумори 10 ё панҷ нафарӣ дастгир шудаанду халос.

Суоли дигаре низ дар миён аст, ки чаро "Ҳизб-ут-таҳрир", ки ҳадафи ташкили хилофат дар Осиёи Марказиро дорад, дар Русия фаъолият мебарад ва на дар кадом минтақаи мусулмоннишин, балки дар шаҳри умдатан насронии Маскав.

Пурсиши дигари беҷавоб дар қазияи боздошти 121 шаҳрвандони Тоҷикистон Узбакистону Қирғизистон ин аст, ки Акрам Ҷалолов ва Алишер Мусоев ба кадом хотир силоҳ аз ҷумла норинҷак ва маводи тарканда доштанд ва ба навиштаи Известия мехостанд дар Русия табаддулот кунанд. Ин дар ҳолест, ки "Ҳизб-ут-таҳрир" мегуяд, бо хушунату зурӣ ба ҳукумат расиданро пеша намекунад ва бо роҳи осоишта ташкили давлати диниро дар назар дорад.

Ва дар ниҳоят таҳлилгарон ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро ФСБ-и Русия тасмим дорад, қисме аз боздоштшудаҳоро, ки "террорист" меномад аз ин кишвар депортатсия кунад.

Виталий Пономарев, масъули бахши Осиёи Марказӣ дар созмони нозири ҳуқуқи башари "Мемориал" ба ин суол чунин посух медиҳад: "Қисми зиёди ин одамонро ҳукуматдорон мехоҳанд, аз Русия хориҷ кунанд. Агар ин одамон тавре онҳо мегуянд, "террорист" мебуданд, муҳим нест аъзои Ҳизб-ут-таҳриранд ё чизи дигар, мақомоти интизомӣ таҳқиқоти фарогиреро оғоз карда, тамоми онҳоро ба додгоҳ мекашид ва ҳеҷ гуна депортатсия ҳам намебуд".

Ба гуфтаи таҳлилгарон агар иттиҳомоти ФСБ алайҳи боздоштшудаҳо дуруст бошад, пас ин қазия гуяндаи он аст, ки "Ҳизб-ут-таҳрир" дар Русия низ доман паҳн мекунад.

Вале нозири дигари ҳуқуқи башар Гавҳар Ҷураева раиси бунёди "Тоҷикистон" дар Маскав мегуяд, бори нахуст нест, ки мақомоти интизомии Русия бо пахши чунин ахбор, дар ин кишвар ҳангомаву воҳима бардошта, мардуми ғайритаҳҷойӣ, хусусан мардуми муҳоҷири Осиёи Марказиро дар баробари миллатгароёни рус осебпазиртар мегардонанд.

XS
SM
MD
LG