Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин хишти сафорати Амрико дар Душанбе гузошта шуд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Нахуствазири Тоҷикистон оғози бунёди бинои нави сафоратро ҳодисаи муҳими таърихӣ дар муносиботи байни Тоҷикистону Амрико арзёбӣ намуд.

Нахустин хишти бинои нави сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҷо гузошта шуд. Дар маросими оғози сохтмони ин бино, ки бо иштироки мақомоти Тоҷикистон ва раҳбари умури сохтмонии вазорати умури хориҷаи ИМА, генерали мустаъфӣ Чарлз Вилямс рузи сешанбе 10 июн баргузор шуд, сафири ИМА Франклин Ҳадлл гуфт, шароити сафорат ҷавобгуи сатҳи иштироки мо дар зиндагии Тоҷиикистон набуд.

Вай афзуд: "Мо ин рузро дер замоне интизор будем ва он марҳалаи ҷадидеро дар дустии мо оғоз мегузорад."

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, бунёди бинои нави сафорати Иёлоти Муттаҳидаро ҳодисаи муҳими таърихӣ дар муносиботи байни Тоҷикистону Амрико арзёбӣ намуд ва гуфт, ин рамзи талоши ҳар ду кишвар барои густариши ҳамкориҳо мебошад.

Нахуствазири Тоҷикистон афзуд: "Воқеаҳои 11 сентябри соли 2001-ум дар ИМА нуктаи атф дар вазъи ҷаҳон шуданд. Кишвари мо бо назардошти вазъи геополотикии хеш ва муҳимтар аз ҳама бо назардошти сиёсати собитқадамонаи мубориза алайҳи терроризм яке аз аъзои эътилофи зиддитеррор шуд. Табиист, ки равобит бо ИМА ба ҳайси яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои мо аҳамияти арҷаҳ дорад."

Чарлз Вилямс - масъули умури сохтмонии Департаменти давлатии Амрико - гуфт, дар ин бинои ҷадид намояндагиҳои гуногуни ҳукумати ИМА, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, зери як сақф ҷамъ мешаванд. Аз суи дигар, афзуд у, дар умури сохтмонии ин бино 150 нафар коргарони сохтмонӣ, ки 75 нафарашон коргарони Тоҷикистон хоҳанд буд, паҳлу ба паҳлу кор хоҳанд кард. Маҳали сафорати ҷадиди ИМА дар Тоҷикистон дар ҳошияи ғарбии шаҳри Душанбе ҳамҷавор ба минтақае маъруф ба Зарафшон ҷойгир хоҳад шуд ва беш аз 5 гектар заминро дар бар хоҳад гирифт. Қарор аст, умури сохтмонии сафорат, ки 63 миллион доллар хароҷот хоҳад дошт, зарфи як сол ба поён бирасад.

XS
SM
MD
LG