Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои аслии нокомии афви молӣ



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов замони эътибори афви молиро то 10 июн тамдид кард.

Тамдиди муҳлати қонунӣ ё ошкор сохтани маблағҳои ба шеваҳои барои давлат номаълум бадастовардаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ахиран бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, саволу тахминҳои гуногунро дар миёни коршиносон ва аҳли тиҷорат ба миён овардааст. Раисиҷумҳур гуфтааст, муҳлати фармони қаблии вай, ки моҳи март интишор ёфта буд, барои муддати то 10 июн тамдид гардад.

Оё дар муддати эътибори фармони қаблӣ чё қадар маблағ расмӣ сохта шудааст? Масъулони низоми бонкӣ аз додани маълумоти маҷмуъӣ дар замина худдорӣ мекунанд. Аммо коршиносон мегуянд, тамдиди фармонро метавон ба ин маънӣ таъбир кард, ки фармон чандон муваффақиятомез набудааст. Агарчи манобеи Бонки Миллӣ мегуянд, миқдори маблағҳои қонунишуда пас аз нашри фармони президент беш аз 10 милён долларро ташкил медиҳад.

Зайниддин Уроқов, масъули шуъбаи муомилоти пул ва баргаҳои қиматбаҳои "Агроинвестбонк", яке аз бонкҳои умдаи кишвар, дар мавриди миқдори маблағҳое, ки аз тариқи ин бонк қонунӣ гардидаанд, чунин гуфт: " 3 520 810 сомонӣ, 4 547 714 доллар, 3 460 евро, 7 268 950 рубли русӣ ба бонки мо ворид шудааст."

Ҷаноби Уроқов мегуяд, тайи замони пас аз нашри фармон эътимоди мардум ба бонкҳо бештар шуд. Вай меафзояд: "Ҳама аз аввал ба маънии ин кор сарфаҳм нарафтанд. Онҳое, ки як дафъа маблағ супурда, баъдан маблағи худро бозпас гирифтанд, диданд, ки фиреб нахурданд. Онҳо ба бонкҳо бовар ҳосил карда, маротибаи дуввуму севвум маблағ оварда супурда истодаанд."

Аммо иқтисодшиноси тоҷик Аслиддин Соҳибназаров мегуяд, зоҳиран ин иқдоми ҳукумат иқдоми дуруст аст ва ба манфиати иқтисоди кишвар аст, вале онҳое пул доранд, ҳеҷ гуна зарурат ба ин фармон надоранд ва роҳҳои дигар барои истифодаи маблағашон доранд. Вай мегуяд, шояд садҳо милён доллар дар дасти мардум бошад, вале ашхоси пулдор намехоҳанд миқдори маблағи худро ошкор созанд, зеро эътимод ба ҳукумат надоранд. Аз ин ру шояд теъдоди ночизе аз ашхос маблағҳояшонро ошкор мекунанд.

Аслиддин Соҳибназаров: " Мардум ба сиёсати давлат бовар надорад. зеро дар тули даҳ сол аз замони шикасти шуравӣ пасандозҳои мардум дар бонкҳо се дафъа ба сифр баробар шуд. Кӣ замонат медиҳад, ки фардо пули сомонӣ ҳамин гуна шикаста нахоҳад шуд?"

Ҷаноби Соҳибназаров мегуяд, ашхосе ки тайи давраи ҷанг сарват андухтаанд, роҳҳои дигари истифодаи сармояашонро доранд ва зарурате ба фармон дар бораи қонунӣ сохтани пулашонро надоранд. Ба андешаи Аслиддин Соҳибназаров, то кунун ҳеҷ шахсе дар кишвар дар мавриди даромадҳояш ва андозаи дороияш ба мақомоти андоз маълумоте намедиҳад ва ба ҳар гунае бихоҳад, маблағҳояшро аз тариқи иқтисоди ғойиб ё соявӣ истифода мекунад.

Аслиддин Соҳибназаров: "Рафта пурсед, ки оё чанд фоизи мардум эъломияи молӣ пур кардааст? Он вазирону дигар олимансабоне, ки хонаҳои қашанг сохтаанд, ягонтоаш эъломия додааст? Не! Шумо бовар доред, вазире, ки маошаш 50 сомонӣ, вале костюми у 300 доллар аст, имруз мехоҳед декларатсия диҳад? Яъне у бояд аз дуздиҳояш декларатсия диҳад, чунки 50 сомонӣ ба ягон рузгораш намерасад."

Ва аммо коршиносон мегуянд, назар ба аҳамияти амалӣ фармон дар бораи қонунӣ сохтани маблағҳои пинҳон бештар ҷанбаи ҳуқуқӣ дорад, зеро бар пояи он маҳдудиятҳои гуногун, ки қавонини кишвар барои гардиши сармоя эҷод мекунанд, бартараф сохта мешаванд.

Ин фармон тағйироти баъзе аз қавонини кишварро дар бахши мубодилоти арзӣ ва содироту воридот ба дунбол хоҳад дошт. Аз суи дигар, баъзе аз коршиносон хусусияти таблиғотӣ доштани ин фармонро ҷиҳати таскини муассисоти молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ истисно намекунанд.

Вале ба ҳар сурат, ин фармон то 10 июн барои ашхосе, ки ба низоми бонкӣ мехоҳанд эътимод дошта бошанд, фурсат медиҳад.

XS
SM
MD
LG