Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон содироти алюминийро афзоиш додааст



Тоҳири Сафар

Содироти алюминий дар чор моҳ 2 фоиз афзуда, 135 миллион долларро ташкил додааст.

Корхонаи арзиз ё алюмини Тоҷикистон, ки манбаи аслии даромади ин кишвар маҳсуб мешавад, тайи 4 моҳи гузашта 102 ҳазору 500 тонна алюмин фурухтааст, ки дар қиёс ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар маҷмуъ содироти алюминий дар ин муддат 2 фоиз афзуда, ба 135 миллион доллар расидааст. Алюминий ва пахта 78 фоизи таркиби тамоми содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз оғози соли равон то кунун беш аз 48 фоизи маҳсулоти корхонаи арзизи Тоҷикистонро Туркия ва беш 36 фоизи онро Голландия харидорӣ кардаанд.

Корхонаи арзиз (ТадАЗ), ки Узбакистони ҳамсоякишвар онро "Балои маргбори асри 20" номидааст, соли гузашта ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 400 миллион доллар фоида овардааст. Ин корхона аз ҷиҳати тавоноӣ ва технологияи нав дар ҷаҳон ҷои саввумро ишғол мекунад ва тайи солҳои фаъолияташ беш аз 6 миллион тонна алюминий тавлид кардааст.

ТадАЗ соли 1975 бо назардошти нархи арзони неруи барқ дар Тоҷикистон бунёд шуда буд ва тавони истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминий дар як солро дорад, аммо то кунун бо ин қудрат кор накардааст. Барои ин корхонаи сарватзо, замони ҷанги дохилӣ чанд маротиба фармондеҳони тоҷик ҷангу хунрезӣ кардаанд, аммо он то ҳол таввасути гвардияи президентии Тоҷикистон муҳофизат ва посбонӣ мешавад.

Дар баробари манфиат заводи арзиз ҳамчунин дарди сари зиёд барои ҳукумат овардааст. Ин корхона бузургтарин масрафкунандаи неруи барқи кишвар аст ва лимити неруи барқ дар хонаҳои мардуми тоҷик низ ба хотири таъмини фаъолияти пурраи корхонаи арзиз аст.

Дар гузашта дуду партоби корхона ва таъсири он ба муҳити зист боиси баҳсҳо миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистон шуда буд. Коршиносони тоҷик мегуфтанд, ҳарчанд партовҳои ин корхона аз меъёри муқараршуда зиёд хориҷ намешуд, вале ҷониби Узбакистон, ки корхона ҳамсарҳади он аст, далел меовард корхона зиёновар аст ва бояд баста шавад.

Нашрияи интернетии узбакистонии "Фергана Ру" корхонаи арзизро "Балои маргбори тоҷикӣ" номида навишта буд, ки ин корхона фақат соли 1991 ба муҳити атроф беш аз 15 ҳазор тонна маводи заҳрогини барои сиҳатии инсон зараровар, ихроҷ кардааст. Ба навиштаи нашрияи дигари Узбакистон, то соли 2001 заводи арзизи тоҷик 30 ҳазор гектар замини ин кишварро ғайриқобили истифода карда, садҳо нафарро гирифтори бемориҳои мухталиф намудааст. Дар маҳҳалаҳои атрофи ТадАЗ ба навиштаи рузномаи мазкур дигар имкони парвариши дарахтони тут, нест ва саноати пиллапарварӣ низ аз байн рафтааст. Аммо мақомоти Корхонаи Арзиз ин иддаоҳоро рад мекунанд ва мегуянд феълан ин коргоҳ маводи заҳрогинро то ҳадди камтарин хориҷ мекунад, ки ба муҳити атроф зиёновар нест.

Ҳарчанд феълан мухолифату хурдагирии кишвари ҳамсоя ба фаъолияти завод, ки 11 ҳазор коргар дорад, камтар шудааст, аммо талошҳои мамолики дигар барои соҳиб шудан ба он аз байн нарафтааст. Русия, ки Тоҷикистон аз он қарздор аст, чандин дафъа талаб кард, ба ивази вомҳо саҳмияҳои корхона ба он дода шаванд, аммо ҷониби Тоҷикистон ризоият надод. Гузашта аз ин, Бонки Ҷаҳонӣ низ аз ҳукумат хоста буд, то корхонаро дар чаҳорчуби барномаи хусусигардонии корхонаҳои бузург хусусӣ кунад. Аммо ҳукумати Душанбе то кунун ҳатто зери ин фишор низ аз ислоҳот дар завод худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG