Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурд ба хабарнигорон чандон муносиб нест



Абдуқайюми Қайюмзод

Матбуот ҳамчунон зери фишор қарор дорад.

Марк Жилбер, раиси маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, талошҳо ва гуфтугуи ин созмон бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳоти қонуни матбуоти ин кишвар бенатиҷа анҷомид. Марк Жилбер ин суханонро дар нишасте зери унвони "Инъикоси фаъолияти муассисоти давлатӣ дар расонаҳои хабарӣ", ки рузи 22 май бо ширкати намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони марказҳои матбуотии бархе аз вазоратхонаҳо баргузор гардид, баён дошт.

Оқои Жилбер афзуд: "Беш аз як сол мешавад, ки тарҳи қонуни нави матбуотро ба парлумони кишвар пешниҳод кардем, аммо баъид ба назар мерасад, ки онро бипазиранд."

Ҷаноби Жилбер ҳамчунин гуфт, дар соли гузашта бархурди мақомот бо хабарнигорон чандон муносиб набуд. Вай гуфт, дар соли гузашта се тан аз хабарнигорони телевизиони СМ-1-и Хуҷанд ғайриқонунӣ ба хидмати аскарӣ гирифта шуданд, дар Қурғонтеппа ҳукумати маҳаллӣ телевизиони мустақили ин шаҳрро зери фишор қарор дод ва ҳамчунин ҳукумат аҳолиро ба рузномаҳои расмӣ иҷборӣ обуна кард. Владимир Сотиров, раҳбари дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон гуфт, то кунун мисли замони шуравӣ феҳрасти дақиқи маълумоте мавҷуд аст, ки набояд ифшо шаванд ва аз ин ру, мо ба ниҳодҳои давлатӣ тавсия медиҳем, ки ҳангоми додани иттиллоъот риояти қавонинро таъмин кунанд.

Аммо Мазҳабшо Муҳаббатшоев, аз рузноманигори собиқадори тоҷик мегуяд, ҳукумат моил нест, ки фаъолиятиаш дар расонаҳои хабарӣ инъикос ёбад: "Давлат фикр мекунад, ки ҳақ ба ҷониби уст ва агар як мақолаи танқидӣҳам пайдо шавад, мисли он аст, ки чизе набуд. Яъне гуфтанду рафтанд. Ва аслан эътиборе ҳам намедиҳанд, ки чӣ чоп шуд ва чӣ бояд кард. Ва аммо мардум ҳам боз умедвор аст, ки дар матбуот агар масъалаҳо баррасӣ шуданд, шояд ягон тағйирот шавад. Чизе намешавад! Муттаассифона, муҳимтарин мушкилоти мо ҳамин аст, ки поёнҳо мегуянд, вале болоҳо намешунаванд."

Аммо ба назари бархе аз коршиносон, мақомоти давлат то кунун ба матолиби нашршуда дар матбуот таваҷҷуҳи камтаре зоҳир кардаанд. Масалан, дар мавриди раъйпурсӣ ҷиҳати ислоҳоти Қонуни Асосӣ матбуот назари мухталиферо руи чоп овард, аммо ин фикрҳо аз ҷониби хукумат ва парлумон мадди назар гирифта нашуданд.

Нишасти мазкур, ки бо мусоидати намояндагиҳои СММ ва САҲА сурат мегирад, то ду рузи дигар идома хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG