Сафаргули Олимӣ
Рузи 21 май дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо муовини вазири умури хориҷии Итолиё Маргаретт Бонивер вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Итолиё баррасӣ шуд.
Ҷаноби Раҳмонов тазаккур дод, ки у аз натиҷаи мулоқоте, ки охири соли гузашта бо сарвазири Итолиё Силвио Берлускони дар Прага дошт, қноатманд аст, зеро он дидор барои ҳамкориҳои судманди ҳар ду ҷониб роҳи васеъро боз кард.
Маргаретт Бонивер дар бораи мулоқоташ бо президент Раҳмонов ба хабарнигорон чунин гуфт: "Масоили асосие, ки дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт, ин ҳамкории судманд дар мавриди пешгирӣ аз тероризми ҷаҳонӣ ва қочоқи маводи мухаддир буд, ки дар робита бо он мо чанд ҳуҷҷатеро ба имзо расондем. Ҳамчунин ҷаноби президент маро бо вазъи феълии Афғонистон ошно намуд ва мо ба хулосае омадем, ки танҳо дар ҳамроҳӣ метавонем мушкилоти ҳам сиёсиву ҳам иқтисодии ин кишварро ҳалл намоем."