Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируи низомии Русия дар Тоҷикистон меафзояд



Мирзонабии Холиқзод



Русия дар наздиктарин фурсат 5 ҳавопаймои ҷангии навъи Су-27-ро барои таҳкими пойгоҳи низомии дивизияи 201-уми худ ба Душанбе интиқол медиҳад. Дар ин бора як афсари фирқаи 201-уми артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон ба хабаргузориҳо иттиллоъ додааст.

Ин ҳавопаймоҳо ва ҷангандаҳои дигари Русия дар пойгоҳи ҳавоии Канти Қирғизистон ба нируҳои муштараки зудамали кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ тааллуқ доранд.

Ахиран генерали рус Александр Баранов, фармондеҳи ҳавзаи низомии Приволжу Урал, ки ба ин ҳавза фирқаи 201-уми мустақар дар Тоҷикистон низ шомил аст, гуфт, бар асоси дастури президент Путин дар наздиктарин вақт дар Тоҷикистон як воҳиди қудратманд, ки бо нируи ҳавоӣ муҷаҳҳаз аст, созмон дода мешавад ва он бо ниҳодҳои қудратии ин ҷумҳурӣ низ ҳамкорӣ хоҳад кард.

Генерал Баранов изҳор доштааст, ки фирқаи 201-уми артиши Русия бо ҷангафзорҳои навин ва замонавӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд ва он техникаи низомие, ки куҳна, аммо қобили истифода аст, ба нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи нируи кайҳонии Русия Вадим Морозов ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, Русия тасмим дорад пойгоҳи назорати кайҳонии худ, воқеъ дар минтақаи Норак, 45-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистонро бо дастгоҳҳои навтарини электронӣ муҷаҳҳаз гардонда, доираи фарогири назорати онро тавсиа диҳад.

Ин пойгоҳи назорати кайҳонӣ "Окно" ё худ "Тиреза" ном дошта, баландии 40 ҳазор километрро метавонад назорат барад.

Тафсилоти хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG