Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Флоти ҳавоии фирқаи 201-ум дар кутоҳфурсат боз бо 5 ҷангандаи навъи СУ- 27 тақвият дода хоҳад шуд.

Русия дар наздиктарин фурсат 5 ҳавопаймои ҷангии навъи Су-27-ро барои таҳкими пойгоҳи низомии дивизияи 201-уми худ ба Душанбе интиқол медиҳад. Дар ин бора як афсари фирқаи 201-уми артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон ба хабаргузориҳо иттиллоъ додааст.

Ин ҳавопаймоҳо ва ҷангандаҳои дигари Русия дар пойгоҳи ҳавоии Канти Қирғизистон ба нируҳои муштараки зудамали кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ тааллуқ доранд.

Таҳлилгарон мегуянд, Русия мехоҳад бо таъмини нируи тоза пойгоҳҳои худро таҳким диҳад ва ҳузури заъифгаштаи худро дар Осиёи Марказӣ ҷони тоза бахшад.

Президенти Русия Владимир Путин дар сафари ахири худ ба Душанбе дар моҳи апрел, ба таври ошкор дар бораи зарурати ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ҳарф зада буд: "Ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон кафолати ҳамҷонибаи таъмини амнияти марзҳои ҷанубии кишварҳои ҷомеаи муштаркулманофеъ мебошад."

Ахиран генерали рус Александр Баранов, фармондеҳи ҳавзаи низомии Приволжу Урал, ки ба ин ҳавза фирқаи 201-уми мустақар дар Тоҷикистон низ шомил аст, гуфт, бар асоси дастури президент Путин дар наздиктарин вақт дар Тоҷикистон як воҳиди қудратманд, ки бо нируи ҳавоӣ муҷаҳҳаз аст, созмон дода мешавад ва он бо ниҳодҳои қудратии ин ҷумҳурӣ низ ҳамкорӣ хоҳад кард.

Таҳлилгарони масоили низомӣ мегуянд, Русия замоне бо саросемагӣ ба ин иқдом шуруъ намуд, ки Ийолоти Муттаҳида мехост ба ин монанд созишеро бо Тоҷикистон ба даст орад.

Генерал Баранов изҳор доштааст, ки фирқаи 201-уми артиши Русия бо ҷангафзорҳои навин ва замонавӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд ва он техникаи низомие, ки куҳна, аммо қобили истифода аст, ба нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи нируи кайҳонии Русия Вадим Морозов ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, Русия тасмим дорад пойгоҳи назорати кайҳонии худ, воқеъ дар минтақаи Норак, 45-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистонро бо дастгоҳҳои навтарини электронӣ муҷаҳҳаз гардонда, доираи фарогири назорати онро тавсиа диҳад.

Ин пойгоҳи назорати кайҳонӣ "Окно" ё худ "Тиреза" ном дошта, баландии 40 ҳазор километрро метавонад назорат барад. Гуфта мешавад, Русия бо ин пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" имкони назорати ҳарими ҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва то Осиёи Ҷанубиро дорад.

Таҳлилгарон мегуянд, қаблан Русия дар мавриди зарурати ҳузури нируи низомии худ дар Тоҷикистон вазъ дар марзи Афғонистон, қочоқи аслиҳа ва ҳамлу нақли маводи мухаддирро сабаб меовард.

Мақомоти Русия таъкид мекарданд, ки бо ором гаштани вазъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон артиши Русия дар Тоҷикистон коҳиш дода мешавад, ва имзои созишномаи соли 1999 дар Маскав низ ба ҳамин масъала бастагӣ дошт. Вале баъд аз гузашти чаҳор сол ҳам ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ва ҳам хабар дода мешавад, ки як созишномаи дигар дар бораи ба фирқаи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон додани мақоми пойгоҳи низомӣ низ омода шудааст.

XS
SM
MD
LG