Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармобаҳои Помир ба кор медароянд



Мирзои Салимпур



Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли мақомоти вилояти Бадахшон навиштааст, ки баъди чанд соли танаффус нахустин сайёҳони хориҷӣ аз гармобаҳои шифобахши Гармчашма дидан кардаанд. Ин мақомот афзудаанд, ки акнун дар садади тармиму дубора ба кор даровардани соъири шифохонаҳо ва гармобаҳои мавҷуда дар ҳудуди ин вилоят мебошанд.

Идораи беҳдошти вилояти Бадахшон мегуяд, дар қаламрави вилоят беш аз 70 чашмаи шифобахш вуҷуд дошта, тақрибан нисфи ин шумораро гармобаҳо ташкил медиҳанд.

Аз миёни онҳо чашмаи Қизил-Работ, воқеъ дар як ҷазира дар руди Яхсу, дар байни аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳон маъруфияти бештар касб кардааст. Оби ин чашма аз намакҳои минералӣ ғанӣ буда, ҳарораташ тибқи ҷадвали Тселсий ба 40 дараҷа мерасад.

Мардуми маҳаллӣ мегуянд, дар гармобаҳои Помир чанд аср пеш ҳатто сайёҳи машҳури венетсианӣ Марко Поло низ оббозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG