Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷикистонӣ дар Русия боздошт шуд



Искандари Хоҷа Мирзода



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Русия дар шаҳри Читаи ин кишвар як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷиноятҳои вазнин масъул дониста мешавад, боздошт намуданд.

Ба гуфтаи Наталия Журбина - сухангуи вазорати умури дохилии Русия дар минтақаи Сибир, шахси боздошт шуда бо иттиҳоми ташкили гуруҳи муназзами ҷиноӣ ва амалиёти террористӣ бар зидди афсарони Русия ва аъзои оилаи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон мавриди ҷустуҷу қарор дошт.

Ба қавли ҳамин манбаъ, мақомоти интизомии Русия ва Тоҷикистон иттилоъ доранд, ки шахси боздоштшуда дар пойгоҳҳои террористии хориҷӣ таълим гирифта, дар ҷиноятҳо бар зидди симоҳои шинохтаи давлатӣ ва мансабдорони воломақоми Тоҷикистон иштирок доштааст.

Ҳоло мақомоти интизоми шаҳри Чита мунтазири судури қарори истирдоди у мебошанд.

XS
SM
MD
LG