Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Япония ба Тоҷикистон 8 миллион доллар дод



Искандари Хоҷа Мирзода



Ҳукумати Япония ё худ Ҷопон ба нишони пуштибонӣ аз ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон наздики ҳашт миллион доллар грант тақдим кард. Ба гуфтаи Акио Кавата - сафири Япония дар Тоҷикистон маблағҳои ҷудошуда барои хариди неруҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва тармими шабакаҳои обгузари майдонҳои кишти Тоҷикистон масраф мешаванд.

Ин дуввумин гранти Япония ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аст. Ба қавли Акио Кавата, тирамоҳи соли гузашта Япония ба маблағи 16 миллион доллар ба Тоҷикистон техникаи кишоварзӣ туҳфа карда буд.

Япония дар 49 барномаи иҷтимоии Тоҷикистон саҳмгир аст. Сар аз моҳи январи соли 2002-ум ин кишвар барои тармиму муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, шифохонаҳо ва таъмини оби ошомидании манотиқи мухталифи Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG