Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони нақби Анзоб кай ба анҷом мерасад?



Раҳматкарими Давлат

Коршиносон мегуянд, дар сурати дастрасӣ ба воситаҳои молӣ ва техникаи нав, туннел се сол баъд барои истифода омода хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати ҳамкорӣ дар идомаи сохтмони туннели Анзоб як қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Тибқи ин санад ҷониби Эрон дар ихтиёри Тоҷикистон кумаки молии 5 миллиондолларӣ қарор хоҳад дод. Гузашта аз ин тавофуқ шудааст, ширкатҳои эронӣ дар сохтмони тунели Анзоб кумаки техникӣ кунанд.

Зимни сафари як ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон ба Эрон инчунин як созишномаи дигар дар бораи ба Тоҷикистон додани як эътибори 25 миллиондоларӣ низ ба имзо расидааст.

Ҳаким Солиев, вазири тиҷорати Тоҷикистон зимни таъкид бар аҳамияти сохтмони туннели Анзоб гуфтааст, роҳ афтодани ин туннел имкон медиҳад, ки транзити молу ашё аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ин роҳ ба Афғонистон, Эрон ва Покистон ба роҳ монда шавад. Вазири иқтисод ва тиҷорати хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ба густариш додани муносибот бо Эрон манфиатдор аст.

Абдураҳим Ашуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин замина мегуяд: "Дарозии нақб 5 километрро ташкил мекунад ва ҳоло қариб ки корҳо дар 25 фоизи ин масофа идома доранд ва албатта ҳар қадар дохили куҳ ворид шудан гирем, ҳамон қадар мушкилиҳо зиёд мешаванд. Барои ҳамин ҳам бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтушунидҳо шуданд, барои гирифтани таҷҳизоти нақбканӣ."

Сохтмони туннели Анзоб дар даҳаи 80 асри гузашта оғоз шуда буд ва бо гузаштани андаке вақт бо далели мушкилоти иқтисодӣ идомаи сохтмони он мутаваққиф шуд. Танҳо дар соли 1999 қабл аз даври навбатии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳур, барои сохтмони ин тунел шиор дод ва баъд иқдом ба идомаи сохтмони ин туннел намуд. Қарор буд, сохтмони ин тунел, ки 5 километр тул хоҳад дошт зарфи дувуним сол ба анҷом бирасад.

Вале боз ҳам мушкилоти иқтисодӣ анҷоми ин барномаро ғайримумкин кардааст. Акнун ду ҷониби Эрон ва Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, ки дар сурати дастарсӣ ба воситаҳои молӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ имкон дорад, то се соли дигар сохтмони ин туннел ба анҷом бирасад. Ин туннел манотиқи шимоли Тоҷикистонро барои ҳар чор фасли сол бо навоҳии дигар хусусан бо маркази кишвар пайванд хоҳад дод.

Гуфта мешавад, миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Эрон низ як санади ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақли бор имзо шудааст.

XS
SM
MD
LG