Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз чор ҳазор оилаи тоҷик куч мебандад



Салими Аюбзод



Ҳукумати Тоҷикистон барномаи кучонидани довталабонро аз манотиқи куҳистон ба водиҳо тасдиқ кард, ки ба аҳолии безамини сокинони навоҳии куҳсор имкон медиҳад, аз даштҳои бекорхобидаи манотиқи гуногуни кишвар порчаи замин ба даст оранд.

Ин нақша барои солҳои 2003 то 2007 тарҳрезӣ шуда, гушае аз барномаи коҳиши бенавоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳукумат гуфтааст, ба ҳар хонаводае, ки хостори кучидан ба водиҳо мешавад, дар ҳаҷми 1500 сомонӣ қарзи боимтиёз медиҳад ва ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадор шудаанд, руйхати хоҳишмандони заминро ба ҳукумати марказӣ пешниҳод кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф дорад 4 ҳазору сад хонаводаро аз минтақаҳои баландкуҳ ба водиҳо кучонад.

XS
SM
MD
LG