Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норушаниҳо дар бархе аз пешниҳодоти вакилони парлумон ба моддаҳои Қонуни Асосӣ



Мирзонабии Холиқзод

Бахши севвуми силсилагуфтори Радиои Озодӣ

"Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣдинӣ, ва забониро бармеангезанд, манъ аст". Ин матни пешниҳоди 14-уми намояндагони парлумон ба моддаи 30-уми Қонуни Асосӣ мебошад.

Дар матни амалкунандаи моддаи 30 гуфта мешавад: "Давлат ба ҳар кас озодии баён, нашр ва истифода аз васоити ахбори умумро кафолат медиҳад. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст".

Вале намояндагони парлумон, хостори илова ба ҳамин модда шудаанд. Ба назари депутатҳо ин илова, яъне манъи таблиғоти нажодпарастӣмиллатгароӣ ва мазҳабгароӣ, моддаи 30-умро комилтар месозад ва ба ҳеҷ ваҷҳ маънои сензураро надрорад.

Узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Наътулло Назаров дар робита ба ин мегуяд: "Бале мувофиқи ин пешниҳод минбаъд қонун иҷоза намедиҳад, ки хусумати нажодӣ ва динию миллатгароӣ дар матбуоти Тоҷикистон ва дар ҷомеаи ин кишвар доман зада шавад".

Вале ҳуқуқшиноси тоҷик Ашурбой Имомов мегуяд, иловаи мазкур як марзбандӣ ба моддаи 30 ум аст, яъне банди нав ишора мекунад, ки озодии баён бояд то ҳамин ҳад гуфта шавад ва ба хусумати нажодию миллию мазҳабӣ роҳ дода нашавад.

Ҷаноби Имомов меафзояд: "Ҳамин меъёр банди дуввуми моддаи Конститутсия дуруст аст. Ва онро бояд ба эътибор гирем. Яъне озодии сухан бо ҳамин нишондод маҳдуд мешавад ва аз он нишондод бештар набояд гуфт".

Дар пешниҳоди 14 - ум ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҳамин иловаи депутатҳо дар қисмати аввали моддаи 30 - ум ҷой дода ба дунболи он матни аслии амалкунанда гузошта шавад.

Ҳамин тавр меоем, ба пешниҳоди баъдӣ, яъне 15-ум. Дар он гуфта мешавад, дар моддаи 34-уми Қонуни Асосӣ калимаи "Зарраи" бо "зарари" иваз карда шавад. Ва ё дар пешниҳоди 16 ба моддаи 34 - ум калимаи "давлатаст" бо "давлатанд" иваз шавад. Намояндагони парлумон бо пешниҳоди худ хостори таҳрири ҳамин банди моддаи 38 шудаанд. Аммо ба ин шакл "Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад, шахс дар доираи муқарранамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ истифода мекунад. Давлат барои фароҳам овардани шароити солим барои варзиш ва туризм тадбирҳо меандешад" Бархе аз ҳуқуқшиносон мегуянд, пешниҳод ба моддаи 38 норушан аст. Ва ба таври дақиқ масъулияти давлатро дар мавриди табобати ройгон ва ё бепул баён надоштааст.

Ба назари мардуми оддӣ, агар ин пешниҳод қабул гардад, табобат дар ҳамаи беморхонаҳо ва муассисаҳои дигари тиббӣ пулакӣ хоҳад шуд. Ҳоло таваҷуҳ мекунем ба шарҳи намояндаи порлумон. Наътулло Назаров узви Маҷлиси Миллӣ: "Онҳое, ки имкони хуби пулӣ доранд масалан, бизнесменҳо ва ҳар касе, ки имкон дорад, метавонад аз муассисаҳои тиббии пулакӣ истифода кунанд. Аммо касоне, ки камбизоат ва ё аз нигоҳи иқтисодӣ ҳамаҷониба таъмин нестанд аз муассисаҳои тиббии давлатӣ истифода кунанд".

Аммо ҳуқуқшинос Ашурбой Имомов аз нигоҳи қонуншиносӣ ба ин масъала назар мекунад ва мегуяд: "Аслан дар ин меъёр дар бораи ёрии тиббии бепул чизе гуфта нашудааст ва давлат кафолати табобати ройгонро дар таҳрире, ки аз тарафи депутатҳо шудааст, як су гузоштааст, қонун ҳам ин кафолатро сарфи назар мекунад"

Тавре шунидем, бояд намояндагони парлумон дақиқ кунанд, ки оё давлат табобати бепулро дар муассисаҳои давлатӣ кафолат медиҳад? Ин нуктаи муҳими банди асосии моддаи 38 мебошад. Ба назари қонуншиносон ва мутахассисони соҳаи беҳдоштӣ Тоҷикистон агар дар қонуни амалкунанда табобати ройгон кафолат дода шуда бошад ҳам, вале имрузҳо дар беморхонаҳо ҳатто барои маслиҳати тиббӣ пул бояд супурд.

Вале сокинони Тоҷикистон мегуянд, аз он бим доранд, ки агар дар қонун муқаррарот ва меъёри табобат дар беморхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои ғайридавлатӣ рушан карда нашавад, онҳо бо ҷайби холӣ наметавонанд дари табибро кубанд.

XS
SM
MD
LG