Раҳматкарими ДавлатТо кунун ягон корхонаи муштараки Тоҷикистону Фаронса вуҷуд надорад ва ё ҳеҷ ширкати фаронсавӣ низ дар Тоҷикистон фаъолият намекунад.
Вазири тиҷорати хориҷии Фаронса бар аҳамияти густариши муносиботи иқтисодии кишвараш бо Тоҷикистон таъкид намуд. Франсуа Лоос 15 апрел дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмонуф раиси ҷумҳури Тоҷикистон дурнамои ин ҳамкориҳоро барасӣ намуд.
Ба гуфтаи вазири тиҷорати Фаронса ду кишвар дар шароити кунунӣ метавонанд, дар заминаи коркарди алюминиюм саноати сабук истихроҷи маъодин ва энержӣ ҳамкориҳои худро ба роҳ андозанд.
Франсуа Лоос гуфт: "Зимни ин мулоқот мо қабл аз ҳар чиз дар бораи масоили иқтисодӣ суҳбат кардем. Мо тамоми барномаҳои умдаи иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем. Хусусан барномаҳои вобаста ба тавлиди нируи барқи обӣ ва алюминиюмро. Ман таъкид намудам, ки дар амри иҷрои ин барномаҳо ҳамкорӣ ва мусоидати муассисаҳои байналмилалии молиявӣ мисли Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд муҳим аст."
Франсуа Лоос ҳамчунин афзуд, сарвазири Тоҷикистон як феҳрасти мушаххаси барномаи ҳамкориҳоро низ ба у пешниҳод намудааст. Аммо у аз шарҳи бештари ҷузъиёти ин пешниҳодот худдорӣ намуд ва гуфт, ин барномаро мавриди омузиш қарор медиҳад. Ба гуфтаи вазири тиҷорати хориҷии Фаронса, имкон дорад дар оянда ширкатҳои фаронсавӣ дар таҷдиди технологияи корхонаи Алюминиуми Тоҷикистон (ТадАЗ) низ ҳамкорӣ намоянд. Ин корхона, ки бузургтарин коргоҳи саноатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, умдатан бо технологияи фаронсавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Вазири тиҷорати хориҷии Фаронсаро дар ин сафар як гуруҳи соҳибкорон низ ҳамроҳӣ мекунад ва ин соҳибкорон бо корхонаҳои мухталифи Тоҷикистон ва шароити бозори ин кишвар ошно хоҳанд шуд. Аммо маҷмуи муносиботи иқтисодӣ миёни ду кишвар нокифоя аст ва то кунун ҳеҷ корхонаи муштарак Тоҷикистону Фаронса вуҷуд надорад нест ва ё ҳеҷ ширкати фаронсавӣ низ дар Тоҷикистон фаъолият намекунад. Ҳаҷми тободули мол миёни ду кишвар дар соли гузашта андаке бештар аз 300 ҳазор доллар буда ва дар ин сол ин рақам ба гуфтаи мақомот коҳиш пайдо кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ зимни ин мулоқот изҳори умед намудааст, ки муносиботи тиҷорӣ миёни ду кишвар ба дунболи ин талошҳо густариш хоҳад ёфт.