Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи нави қонуни дин



Мирзонабии Холиқзод

Оё созмонҳои мазҳабиро бояд кадом идора сабти ном кунад? Ва оё барои сабти ном чанд имзо лозим аст?

Саид Аҳмадов, раиси кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кумитаи дин баррасии маҷмуи пешниҳодҳо ба моддаи 31-уми қонуни дини Тоҷикистонро поён дод ва дар наздиктарин руз ин пешниҳодотро ба парлумони кишвар пешкаш мекунад. Оқои Аҳмадов афзуд, иловаҳое, ки ба қонун ворид карда мешаванд, аслан услубӣ буда, моҳияти моддаҳо ё қонунро тағйир намедиҳанд.

Аммо тавре ки намояндагони ҷамъиятҳои мазҳабии Тоҷикистон мегуянд, масъалаи сабти номи намояндагии ҷамъиятҳои динӣ, аз ҷумла намояндагони ҷомиаҳои масеҳӣ, ортодоксҳо, баптистҳо ва дигар ҷамъиятҳои мазҳабии ғайримусулмониро ба ташвиш овардааст.

Бар асоси тарҳи нави қонуни дини Тоҷикистон, ҷамъиятҳои мазҳабие, ки мехоҳанд дар шаҳру навоҳии кишвар намояндагии худро боз кунанд, бояд дар шуъбаҳои адлияи ноҳияҳо на камтар аз феҳрасти 100 имзои ҷонибдорони худро пешкаш кунанд.

Намояндаи баптистҳои Тоҷикистон Алексей Сирулев дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе дар мавзуи масоили мазҳабҳои Тоҷикистон ишора намудааст, ки дар навоҳӣ намояндагони масалан ҷараёни баптистҳо имкони ҷамъоварии 100 имзоро надоранд.

Вале раиси кумитаи дини Тоҷикистон Саид Аҳмадов дар посух ба ин иддаои намояндаи баптистҳо гуфт: "Имзои иловагӣ даркор нест. Ҳамон даҳ имзое, ки лозим буд, ҳамон боқӣ мемонад. Гап сари аъзову эътиқодмандонаш аст. Бубинед, ки як масҷиди ҷомеъ барои 15 000 нафар сохта мешавад. Барои 15 000 ! Аммо барои кушодани калисо 10 нафар кифоя аст, худатон хулоса бароред." Аз шарҳи раиси кумитаи дини Тоҷикисон Саид Аҳмадов маълум гашт, масъалаи сабти номи ҷамъиятҳои динӣ ва намояндагии онҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳамчуноне ки дар қонуни амамлкунандаи дини Тоҷикистон ҳаст, боқӣ мемонад, яъне барои ҷамъиятҳои ғайримусулмонӣ 10 имзо талаб карда мешавад ва барои ҷамъиятҳои исломӣ 15 ҳазор. Аммо ба ин шакл боқӣ мондани масъала дар тарҳи қонун намояндагони ҷамъиятҳои исломиро норозӣ кардааст. Онҳо мегуянд, миёни рақами 10 ва 15 000 фарқ бузург аст ва баробарӣ бояд дар қонун риоя шавад.

Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба ин назар аст: "Ман ҷонибдорӣ аз баробарӣ дар рақам не, балки аз баробар кардани ҳамаи динҳо дар назди қонун иброз доштам. Ба ягон дин набояд имтиёз дода шавад - на мусалмонҳо ва на ба намояндагони динҳои дигар. Дар ҳоли ҳозир намояндагони динҳои дигар дар Тоҷикистон имтиёз доранд. Барои таъсиси як созмони динии ғайриисломӣ аз 10 то 15 одам лозим аст, барои созмони мусалмонӣ бештар. Ман аз ҳамин хотир гуфтам, ки баробар кардани шумора як чизи мусбат аст."

Ҳамин тавр, як масъалаи муҳиме, ки дар тарҳи нави қонуни дини Тоҷикистон вуҷуд дорад, масъалаи сабти номи ҷамъиятҳои мазҳабии кишвар мебошад. Аммо дар ҳоли ҳозир, вобаста ба масъалаи ин, ки кадоме аз идораҳои Тоҷикистон ҷамъиятҳои диниро сабти ном кунад, як баҳси дигаре дар байни кумитаи дини назди ҳукумати кишвар ва вазорати адлия вуҷуд дорад, ки то кунун ҳалли ниҳоии худро наёфтааст.

Намояндагони кумитаи дин мегуянд, агар ин кумита масъалаи сабти номро бар уҳда нагирад, эътибори худро дар назди ҷамъиятҳо ва созмонҳои мазҳабии Тоҷикистон аз даст медиҳад.

Раиси ҳамин кумита Саид Аҳмадов мегуяд: "Албатта, аз назари мо, агар мо ба қайд гирем, беҳтар аст. Барои он ки гуноҳу савобаш ба зиммаи як мақом мешавад."

Вале намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон мегуяд, масъалаи сабти номи ҳамаи созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, новобаста ба мазҳабӣ ё ғайримазҳабӣ будани онҳо, бар асоси Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон дар салоҳияти Вазорати адлия аст.

Сумангул Тағоева, раиси идораи сабти созмонҳо ва итиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала афзуд: "Мувофиқи Кодекси шаҳрвандӣ бояд ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ дар вазорати адлия ва ё мақомоти он ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ҳоло дар байни раёсати мо ва кумитаи дин ягон баҳс ҳам нест ва мо чизе талаб надорем. Аммо ин масъала як сол боз дар миён аст, ки бояд мувофиқи Кодекси шаҳрвандӣ вазорати адлия созмонҳоро ба қайд гирад, лекин то ҳол ин масъала ҳалли худро пайдо накардааст."

Дар ҳоли ҳозир баҳси миёни кумитаи дин ва вазорати адлия ба поён нарасидааст. Раиси кумитаи дини Тоҷикистон Саид Аҳмадов гуфт, ҳамин ки масъулияти сабти номи ҷамъиятҳои мазҳабӣ мушаххас шуд ва маълум гашт, ки кадоме аз ниҳодҳо бояд ин корро анҷом диҳад, тарҳи қонуни дин ба парлумон пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, қонуни дин дар Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1994 аз ҷониби Шурои Олӣ қабул шуда буд.

Дар Тоҷикистон 51 ҷамъияти ғайриисломӣ, яъне синагогаву калисоҳо ва ҳудуди 3 000 масҷиди панҷвақта ва 250 масҷиди ҷомеъи мусулмонон фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG