Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои муқобила бо САРС маслиҳат чист?



Искандари Хоҷамирзода

Мусоҳибаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бо сухангуи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Йен Симпсон.

Хабарнигор: "Оё иқдомҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамоҳангӣ бо ин созмон қабул шудаанд ва оё баста шудани марзи Қазоқистон бо Чин, ё баррасии қатъи рафтуомади ҳавоии Тоҷикистон бо ин кишвар бо машварати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба вуқуъ пайвастааст?"

Йен Симпсон: "Не, мо ба касе машварат надодаем, ки марзҳояшро бубандад. Машварати мо ин аст, ки қабл аз парвози ҳавопаймоҳо муоинаву назорати мусофирон ба амал ояд, хусусан дар минтақаҳое, ки сирояти беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Он мусофироне, ки мубталои бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш мебошанд, набояд ба ҳавопаймо роҳ ёбанд."

Хабарнигор: "Дуруст аст, вале ҷаноби Симпсон, тавре гуфтам, Осиёи Марказӣ бо Чин сарҳади заминӣ ҳам дорад. Имруз шояд ин кишварҳо имкону таҷҳизоту мутахассисе надошта бошанд, ки дар марз беморони САРС-ро ташхис намоянд. Аз ин ру, фикр намекунед, ки бастани марз иқдоми беҳтарин аст?

Йен Симпсон: "Ин амал боиси қадрдонист. Вале ба ҳар сурат, феълан марзҳо бояд кушода бошанд. Ҷорӣ кардани маҳдудияти умумии сафару тиҷорат зарур нест. Дар айни замон беҳтар мебуд, ки мардум аз сафарҳои ғайриҳатмӣ ба минтақаҳои тавсиаи бемории САРС, ба вижа ҷануби Чин ва Ҳонгконг, худдорӣ намоянд."

Хабарнигор: "Шумо мегуед, ки вазъи ҷануби Чин ва Ҳонгконг хатарнок аст. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вилоятҳои ғарбии Чин ҳаммарз мебошанд. Оё дар ғарби Чин ҳам бемории САРС ё худ илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш ба қайд гирифта шудааст? Оё рақами беморон дар дасти Шумо ҳаст?"

Йен Симпсон: "Бале, рақами беморон дар дасти мо ҳаст. Мо аз вазъи манотиқи ғарбии Чин ҳам нигарон мебошем. Ва мо ҳамроҳ бо мақомоти Чин ҳар чизи аз дастамон меомадаро мекунем ва умедворем, ки вазъ таҳти назорат қарор хоҳад гирифт ва сирояти беморӣ коҳиш меёбад."

Хабарнигор: "Хуб, машварати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз чӣ иборат аст? Чӣ бояд кард?"

Йен Симпсон: "Аз ҳама муҳим ташхиси беморон мебошад. Ёфтани онҳо, аз ҷомеа барканор намудан ва ҳамзамон муолиҷа кардан зарур аст. Феълан дар масъалаи назорат ва бастани роҳи тавсиаи САРС маслиҳат ҳамин аст."

XS
SM
MD
LG