Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии пешнависи шакли гузориши миллии ҳуқуқи башар



Абдуқайюми Қайюмзод

Пешниҳоди ин тарҳ аз суи давлати Тоҷикистон як иқдоми муҳим арзёбӣ шуд.

Рузи душанбе пешнависи лоиҳаи гузоришоти миллӣ дар мавриди иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар робита ба ҳуқуқи башар дар як мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мизигирд бо ибтикори комиссияи ҳуқуқи башари давлати Тоҷикистон, дафтари мусоидат барои сулҳи Созмони Милал, маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ожонсии рушди Швейтсария дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Матни ин санад аз суи комиссияи ҳукумати Тоҷикистон оид ба риояти ҳуқуқи башар омода шудааст.

Владимир Сотиров, раиси дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, дар вазъияти баъдиҷангӣ риояи ҳуқуқи башар аз шартҳои муҳими демократисозии ҷомеа ва рушди гуногунандешӣ мебошад. Бинобар ин, афзуд вай, коршиносони комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ ҳаводиси ҷорӣ дар тамоми кишварҳоро зери назар доранд, то ки гузоришҳои муътамад ва дақиқ оид ба вазъи ҳуқуқи башар аз ин кишварҳо пешниҳод шавад.

Ҷаноби Сотиров гуфт, ба назари ман, ин санад хеле боаҳамият аст, зеро он бар зарурати таваҷҷуҳ ба риояти ҳуқуқи башар ва такмили наҳваи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таъкид мекунад. Ҷаноби Сотиров ҳамчунон афзуд, ки санади мазкур масоили дигареро, аз қабили масоили такмили низоми омори давлатӣ, мавзуи инки кадоме аз масоил сирри давлатианд ва кадоме аз масоил дар ихтиёри ҷомиаи байналмилалӣ гузошта мешаванд, мавриди баҳс қарор медиҳад.

Оқои Сотиров ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки оё дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар дар ин санад арқоме вуҷуд дорад, гуфт: "Ҳоло мо арқоми гуногунро мавриди баҳс қарор додем. Яъне арқом мухталиф аст. Аммо давлат арқоми дақиқ дар ин маврид наовардааст. Дар ин замина бояд аз давлат тақозо ба амал ояд, то ба шакли хаттӣ дар ин робита маълумот бидиҳад."

Игор Попов, муовини раиси дафтари САҲА дар Тоҷикистон зимни муҳим арзёбӣ кардани ин нишаст, бар зарурати дар оянда такмил намудани муқарароти қонунгузорӣ дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таъкид кард. Вай афзуд: "Ҳануз мушкил аст бигуем, ки ин санад комил аст, яъне вай боз ҳам бояд аз лиҳози муҳтаво ва шакл таҷдид шавад. Вале шакли ибтидоӣ хуб аст, самти кор дуруст аст ва натиҷаи кори комиссия чашмгир аст."

Коршиносон мегуянд, давлати Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди ниҳодҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор гирифтааст. Ба хусус масъалаи ҳукми қатл, аз назари ҷомеа пинҳон мондани сарнавишти ашхоси маҳкум ба қатл ва вуҷуди шиканҷаву ранҷ дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистон аз мавзуоте мебошанд, ки ниҳодҳои мазкурро нигарон сохтааст ва онҳо борҳо мустақиман ба президент Раҳмонов, ки кафили дифоъи ҳуқуқи шаҳрвандон аст, муроҷиъат кардаанд.

XS
SM
MD
LG