Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои нишасти кишварҳои донори Тоҷикистон



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон 900 милён доллар ваъда карданд.

Ниҳодҳои кумакрасон изҳори омодагӣ намуданд, ба Тоҷикистон ба андозаи ҳудуди 900 миллион доллар маблағ тахсис бидиҳанд. Ваъдаи додани чунин маблағ натиҷаи мулоқоти машваратии ниҳодҳои кумакрасон аст, ки имруз дар мақари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Варзоб 30 километрии шаҳри Душанбе ба поён расид.

Мушовири умури иқтисодии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Холбобоев дар мавриди натиҷаҳои ин нишаст ба хабарнигори радиои Озодӣ чунин гуфт:"Нисбати он барномаҳое, ки мо пешниҳод кардем, бисёр уҳдадориҳои хуб гирифтанд. Онҳо 900 миллион доллар ваъда намуданд, ки 700 миллион доллари он кумакҳои бебозгаштро ташкил медиҳад ва ин барои мо як мувафаққияти бузург аст. 200 миллион доллари дигараш ин барои кумакҳои техникӣ, яъне ки қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карда мешаванд."

Мақомоти Тоҷикистон дар ин нишаст чандин барномаҳои сармоягузориро пешниҳод намуданд, ки умдатарини онҳо стротежии мубориза алайҳи фақр мебошад. Ин барнома бахшҳои ҳифзи сиҳат, таълиму парвариш ва зистмуҳитиро дар бар мегирад. Мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Урупову Осиё Денис Детрей, ин нишастро пурарзиш хонд ва гуфт акнун ҳам ҳукумат ва ҳам ниҳодҳои кумакрасон бояд бар он кушанд, ки тасмимҳои ин мулоқот амалӣ шаванд. Вай гуфт, ин ҷиноят хоҳад буд, ки тавофуқоти ба дастомада амалӣ нашаванд.

Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ин нишаст суханронӣ намуд, гуфт ҳаҷми карзи хориҷии кишвар 80 дарсади маҷмуъи тавлидоти дохилиро ташкил медиҳад. Коршиносон мегуянд, қарзи хориҷӣ наздик ба 1 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ҳудуди 35 дарсади буҷа барои пардохти ҳамин қарзи хориҷӣ сарф мешавад. Аз ин ру, Тоҷикистон метавонад, танҳо кумакҳои бебозгашт бигирад, зеро назар ба меъёрҳои роиҷи гирифтан ва пардохти қарз қудрати пардохти қарзҳои ҳатто имтиёзнокро надорад. Аз суи дигар масъулини тоҷик аз иштироккунандагони мулоқот даъват намуданд, ки ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунанд.

Аммо баъзе аз иштироккунандагон таъкид намуданд, ки ҳукумат барои ҷалби сармояи хориҷӣ бояд ба ислоҳоти иқтисодӣ ба хусус дар бахши кишоварзӣ суръат бубахшад, ҷилави фасоди молӣ ва ришвахориро дар ниҳодҳои давлатӣ бигирад ва шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурд фароҳам орад.

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон қарор шуд, намояндагони ниҳодҳои кумакрасон ҳадди аққал ҳар сол як маротиба нишаст ороянд ва натоиҷи амалӣ гаштани тасомими мулокоти Пуғузро баррасӣ кунанд ва дар сурати зарурат ин тасмимҳоро тасҳеҳ кунанд.

Дар ин мулоқоти ниҳодҳои кумакрасон, ки чорумин нишасташон мебошад, намояндагони кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё, Ҷопон, Олмон, Шветсия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин ва намояндагони СММ, Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Осиёии Рушд, Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ва созмону ниҳодҳои дигари хориҷиву байналмиллалӣ ширкат намуданд.

XS
SM
MD
LG