Раҳматкарими Давлат"Ватан" танҳо шабакаест дар Душанбе, ки тавассути сармоягузории гуруҳи афрод фаъолият мекунад.
Радиои "Ватан" шабакаи радиоии хусусиест, ки руйи мавҷи ҒМ дар пойтахти Тоҷикистон ба пахши озмоишии барномаҳои худ оғоз кардааст. Ин дувумин шабакаи радиоии хусусист, ки дар пойтахти Тоҷикистон пахш мешавад. Ин радио аслан бо забони тоҷикӣ ва бахше аз барномаҳои худро бо забони русӣ дар шабонаруз 20 соат пахш мекунад.
Далер Амонов, мудири кулли радиои "Ватан" мегуяд: "Аз руи литсензияе, ки мо гирифтаем, мо метавонем 24 соат дар шабонаруз кор кунем, вале дар вақти аввал барномаи мо 20 соатро дар бар мегиранд ва асосан барномаҳои иттилоотӣ ва ахбор бо забони тоҷикиву русӣ ва мусиқӣ пахш мешаванд. Ва инчунин барномаҳои иқтисодӣ ва барномаҳо дар бораи технологияҳои навин. Вале мо барномаҳои иҷтимоӣ, барномаҳо барои занон ва ҷавононро низ дар назар дорем."
Барномаҳои радиои "Ватан" руйи мавҷи ҒМ дар ҳоли ҳозир танҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он қобили шунидан мебошад. Ба гуфтаи Далер Амонов, дар ояндаи наздик қарор аст дар бархе дигар аз манотиқи Тоҷикистон низ дастгоҳҳои пахши мавҷи радиои "Ватан" руйи ҒМ насб хоҳад шуд.
Ширкати радио ва телевизони "Ватан" танҳо шабакаест дар пойтахти Тоҷикистон, ки тавассути сармоягузорӣ ва саҳмияҳои гуруҳи афрод фаъолият мекунад. Ин шабака дар фаъолияти худ ва дар харидории васоили техникӣ аз кумакҳои бебозгашти ташкилотҳои хориҷӣ истифода накардааст.
Баъд аз анҷоми даври озмоишии пахши барномаҳо, яъне аз рузи ҳафтуми май қарор аст барномаҳои радиои "Ватан" руи шабакаи ҷаҳонии Интернет низ пахш шавад. Муҷавизи шабакаи радиои "Ватан" барои пахши барномаҳояш руи мавҷи ҒМ то панҷ соли дигар мадори эътибор аст.