Мирзои Салимпур
Рузи ҷумъа, 2-юми май дар бустонсарои Пуғози дараи Варзоб анҷумани кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон бо ташкили як ҷаласа оғоз ба кор кард. Дар ин анҷуман 110 намоянда аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалии моливу имдодӣ ҳозир шудаанд.
Роберт Кристиансен, раҳбари ҳайати Сандуқи Байнулмилалии Пул дар ин анҷуман гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 997 милён доллар ва ё ба 83 дар сади маҷмуъи маҳсулоти дохилиаш баробар шуда, имконоти Душанбе дар мавриди дарёфти қарзҳои ҷадидро коҳиш медиҳад.
Оқои Кристиансен ҳамзамон аз Стротегияи коҳиши фақр, ки ҳукумати Тоҷикистон таҳия кардааст, ситоиш намуд ва хостори ироаи ҳар чӣ бештари кумакҳои билоивази байнулмилалӣ барои иҷрои он шуд.
Аммо Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш дар роҳи бунёди як низоми дунявиву демократӣ ва дорои иқтисоди бозорӣ ба кумакҳои ҷиддии моливу фаннӣ ниёз дорад.
Вай афзуд, ҷомеаи байналмилалӣ тавассути кумакҳояш ба Тоҷикистон сатҳи амнияти ҷаҳонро баланд мебардорад, чунки афзоиши нируи иқтисодии Тоҷикистон имконоти вай барои муқобила бо терроризму қочоқи маводи мухаддир ва амнияти экологиро бештар мекунад.