Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои зарардидагони бадахшӣ манзил месозанд



Мирзои Салимпур



Созмони "Шелтер фор Лайф" тасмим гирифтааст, барои 48 хонаводаи зарардида дар асари заминларзаи моҳи марти соли 2002 дар шаҳри Хоруғ як шаҳраки маскунӣ бино намояд.

Зайнуддин Мамадаминов, намояндаи ин созмон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфт, лоиҳаи сохтмони ин шаҳраки иборат аз манзилҳои дуҳуҷраӣ омода шудааст ва хонаводаҳои бесарпаноҳ то тармими манзилҳои аслиашон дар ин шаҳрак ба сар хоҳанд бурд.

Оқои Мамадаминов афзуд, дар пайи бозгашти ин хонаводаҳо ба маҳалли доимии зисти онҳо шаҳраки бинокардаи созмони "Шелтар фор Лайф" дар ихтиёри мақомоти ҳолатҳои фавқулодда қарор мегирад, то дар ҳолатҳои изтирорӣ мардуми ниёзмандро бо сарпаноҳ таъмин кунанд.

Созмони мазкур соли 2001 дар амри кучонидани 56 хонаводаи бадахшӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва соли гузашта дар мавриди кучонидани боз 71 хонавода аз мавзеъи Дашти ноҳияи Роштқалъа ба ноҳияи Бешкенти Хатлон мусоидати моливу ғизоӣ кардааст.

"Азия Плюс" менависад, заминларзаи 3-юми марти соли 2002 боиси тахриби 470 манзили зисту бесарпаноҳ мондани тақрибан 1500 нафар дар ду вилояти Бадахшон ва Хатлон шуд. Дар асари ҳамин ҳодиса 30 мактаб ва 30 бунгоҳи тиббӣ низ хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG