Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо сафири Амрико дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддл



Раҳматкарими Давлат

Франклин Ҳаддл мегуяд, ҳукумати Тоҷикистон дар ростои ҳифзи ҳуқуқи инсон пешрафтҳои ҷузъӣ кардааст.

РАДИОИ ОЗОДӢ:"Ҷаноби сафир муносиботи Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико бо Тоҷикистон баъд аз таҳавуллоте, ки дар равобити байналмилал ба думболи ҳодисаи 11 сентябр, ки ба вуқуӯъ пайваст, то чӣ ҳад рушд кардааст? Манзури мо на танҳо барномаи кумакҳои башарӣ ва иҷтимоӣ ба Тоҷикистон, балки маҷмуи муносибот аз равобити дипломатӣ то ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва амниятӣ аст.

Франклин Ҳаддл:"Даҳ сол ба ин ҷониб мо ба Тоҷикистон муносиботи дустона дорем ва ба ин кишвар кумак мекунем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико донори аслии Тоҷикистон ба шумор меравад. Кумаки мо ба ин кишвар бештар аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад. Баъд аз ҳодисаҳои 11 сентябр муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иёлоти Мутаҳидда густариши бештар пайдо намуд. Нахустин дидор ва мулоқоти расмии президент Раҳмонов бо президент Ҷорҷ Буш пурсамар анҷом шуд.

Бори аввал дар таърих сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон боз шуд. Дар ҳоли ҳозир мо дар садади оғози сохтмони нави сафорати Иёлоти Мутаҳидда дар душанбе мебошем. Мавозеъи моро арзишҳо ва талоши умумӣ барои сулҳ ва беҳбуди шароити ҷомеа ҳамчунин мубориза барои демократия, озодӣ, иқтисоди озоди бозорӣ ва волоияти қонун ба ҳам наздик мекунад. Кумакҳои мо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, то ин заминаҳо пешрафт намояд ва дар ҳамгироии ҷомеаи иқтисоди узви комилхуқуқ бошад.

РАДИОИ ОЗОДӢ:"Суоли дигар ин аст, ки дар гузориши Департаменти Давлатии Иёлоти Мутаҳидда ба наздикӣ мунташир шуд, ки дар он пешрафтҳои муайян дар Тоҷикистон ишора шудааст. Манзур аз ин пешрафтҳо чӣ аст?

Франклин Ҳаддл:"Пешрафт ва муваффақияте, ки ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, хусусан дар заминаи озодии баён ва озодиҳои сиёсӣ ба даст овардааст, барои мо хеле хушҳолкунунда буд.

Аммо ба ҳар сурат дар ҷанбаҳои ислоҳталаб дар ин росто ва дар заминаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Пешрафт мушоҳида мешавад, вале ин пешрафти ҷузъӣ мебошад. Мо баррасии ин масъаларо бо ҳукумати Тоҷикистон ва бо ҳама ташаккулҳои дигаре, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз онҳо таркиб ёфтааст низ, идома медиҳем.

РАДИОИ ОЗОДӢ:"Вале ҷаноби сафир бубинед, бо вуҷуди мухолифати аҳзоби сиёсӣ, ҳукумат масъалаи ислоҳоти Қонуни Асосиро ба раъйпурсӣ гузошт. Ин тарҳи ислоҳот ба як нафар иҷоза медиҳад, ки барои чанд бори пай дар пай раисиҷумҳур интихоб шавад. Баҳои шумо ба референдуме, ки бояд 22 июн ба манзури ислоҳи Сарқонун баргузор шавад, чӣ гуна аст?

Франклин Ҳаддл:"Суоли аҷибе. Ин масъала аз масоили мураккаби таърихи Амрико низ будааст. Ба унвони қонуни асосии давлат, Конститутсия шинохт ва риоя шуданро аз ҷониби ҷомеаи Точикистон тақозо дорад. Ин мавриди аз ҳама асосиест, ки ба ҳангоми сухан гуфтан дар бораи ислоҳоти Қонуни Асосӣ бояд мадди назар бошад.

Парлумони Тоҷикистон бо истифода аз фурсати кофӣ тарҳи ислоҳотро таҳия ва барои раъйпурсӣ пешниҳод намуд ва акнун зарур аст, ки ҳамин гуна шароит ва фурсат барои барасии тарҳи ислоҳот то баргузории референдум, ба мардуми тоҷик низ дода шавад.

Баргузор намудани баррасии тарҳи ислоҳот дар миёни ҳизбҳои сиёсӣ ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва матбуот хусусан дар миёни гуруҳҳои касбие, ки тағйирот бевосита ба фаъолияти онҳо дахл дорад, ҳатмист. Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ борҳо таъкид намудаанд, ки Қонуни референдум раъйдиҳиро дар варақахои ҷудогона роҷеъ ба ҳар масъалаи пешниҳодшуда, тақозо мекунад. Ин ба он маъност, ки ҳадди аққал суолҳои ба раъйпурсӣ вогузоршуда бояд ҳатман ба чор гуруҳ тақсим шаванд, яке қисмати ислоҳоти техникӣ ё таҳрирӣ, дигаре он чӣ ки ба ҳукумати иҷроия вобаста мебошад, саввум дар робита ба ҳокимияти қонунгузор ва ниҳоят масъалаҳои вобаста ба ҳокимияти додгоҳ.

Мо ба ҳамин тарзи тасвияти масъаларо ба ҳамапурсӣ ҷонибдорӣ мекунем. Зеро ба ин тарз пешниҳод намудани суолҳо имкони интихоби фарохтареро барои мардум фароҳам мекунад ва дар айни замон ҳадафи аввалияе, ки Маҷлиси Намояндагон аз тарҳи пешниҳодот низ нигоҳ дошта мешавад.

Дар маҷмуъ, ман бояд ёдовар шавам, ки сарфи назар аз натоиҷи назарпурсии умумӣ хеле муҳим аст, ки он шашоф ва одилона баргузор шавад. Ин раъйпурсӣ ва мутобиқ ба он масоили вобаста ба интиқоли мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби нозирони бетараф ба унвони нишонаи пойбандии ҳукумати Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ талаққӣ мешавад.

Тавре шумо ёд доред, ин масъала дар мулоқоти президент Раҳмонов бо президент Ҷорҷ Буш ва котиби давлатии Иёлоти Мутаҳида Колин Пауел таъкид шуда буд. Ман худам дар он мулоқот ҳузур доштам ва ман он ҳамаро хуб дар ёд дорам.

РАДИОИ ОЗОДӢ:"Яке аз сабабҳои буҳрони Ироқ ва сар задани ҷанг дар ин кишвар нақзи ҳуқуқи башар буд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба гуфтаи Департаменти Давлатии Амрико ҳуқуқи башар то ҳануз нақз мешавад. Бархурди Амрико бо ин давлатҳо дар оянда чӣ гуна хоҳад буд? Оё имкон дорад, ки барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин мамолик, Иёлоти Мутаҳидда тадобири ҷиддитареро руи даст бигирад?"

Франклин Ҳаддл:"Оғози амалиёти ҷангӣ, роҳи ниҳоии ҳалли қазияи Ироқ боқӣ монда буд. Саддом Ҳусайн имконоти зиёде дар ихтиёр дошт, то тақозои қатъномаҳои Шурои Амниятро дар мавриди нобудсозии силоҳҳои куштори ҷамъӣ иҷро намояд.

Бале, аз соли 1970 ба ин ҷониби Департаменти Давлатии Иёлоти Мутаҳидда ҳамасола ба кунгураи ин кишвар гузоришеро дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар куллияи кишварҳои олам ироа менамояд. Мо ба ҳодисаи нақзи ҳуқуқи башар ҷиддан бархурд менамоем ва бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои мушаххасе дорем, то вазъи ҳуқуқи башарро беҳбуд бахшем.

Албатта, бархе кишварҳо камтар ва бархеи дигар бештар барои ҳамкорӣ дар ин замина моил ҳастанд. Вале мо умедворем, ки тайи солҳои ахир ба ин кишварҳо кумак намуда ва муваффақиятҳоеро низ ба даст оварда бошем.

Мусоҳибаро хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Раҳматкарими Давлат анҷом дод.

XS
SM
MD
LG