Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази вогиршиносии Душанбе муҷаҳҳаз шуд



Раҳматкарими Давлат



Ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли густариши бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш дар Тоҷикистон тадобири иловагии беҳдоштӣ андешида шудааст.

Аъзам Мирзоев - муовини раиси Маркази вогиршиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин марказ бо технологияи навини ташхисӣ муҷаҳҳаз шуда, акнун имкон дорад, ташхиси ин бемориро дар кишвар анҷом диҳад.

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон, дар тамоми гузаргоҳҳои марзӣ бунгоҳҳои назорати тиббӣ фаъолият мекунанд ва ҳатто дар дохили ҳавопаймоҳо низ солунҳои махсус барои изолятсияи беморони шубҳаовар эҷод шудааст.

Тафсилоти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG