Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик дар Дубай бозиро бохтанд



Хиромон Бақозода



Рузи 19 апрел дар мусобиқоти футбол дар чаҳорчуби бозиҳои олимпии Афини соли 2004 дастаи футболбозони тоҷик дар нахустин бозӣ бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо ҳисоби се бар сифр мағлуб шуд.

Хабаргузории интернетии "Галф нюс" дар робита ба ин мусобиқа менависад, мураббии тими олимпии Тоҷикистон Бойир Эгамбердиев гуфтааст, бо вуҷуди мағлубияти имруза мо умед дорем, дар даври навбатии мусобиқот ба ҳарифони худ посухи мувофиқ бидиҳем.

Бозии ҷавобии миёни тими олимпии Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб 26 апрел дар Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG