Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бо Ротшилд мулоқот кард



Мирзои Салимпур



Рузи панҷшанбе, 17 апрел, дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси ширкати сармоягузории "Ҷи Эн Ай Инвестмент" Натаниел Ротшилд роҳу имконоти сармоягузориҳои ин ширкат ба иқтисоди миллии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо аз ҷумла имкони мушорикати "Ҷи Эн Ай Инвестмент" дар мавриди маблағгузории сохтмони ниругоҳҳо ва корхонаҳои нассоҷиву истихроҷи маъдан ва таъсиси муассисаҳои муштарак бо ин ширкат дар қаламрави Тоҷикистонро мавриди гуфтугу қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ширкати "Ҷи Эн Ай Инвестмент" ба хонаводаи маъруфи Ротшилдҳо тааллуқ гирифта, беш аз 200 сол аст фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG