Мирзои Салимпур
Дар ҷараёни як амалиёти муштараки нируҳои марзбонии Русия ва мақомоти интизомии Тоҷикистон аз як махфигоҳ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон 4 халтаи ҳомили 76 бастаи маводи мухаддир кашф шудааст.
Дафтари матбуоти гуруҳи марзбонии Русия мегуяд, дар натиҷаи ин амалиёт, ки субҳи ҷумъа дар минтақаи марзии Маскав сурат гирифт, дар маҷмуъ ҳудуди 80 кило ҳероин ва 1 кило банг мусодира шуд.