Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз ҳамлаи малах пешгирӣ мекунад



Мирзои Салимпур



Идораи кишоварзии Созмони Милал ЮНФАО ба иҷрои як барномаи ҷадиди мубориза ба зидди малах дар киштзорҳои Тоҷикистон оғоз кард. Ин барнома бар пояи 340 000 доллар сармоягузорӣ амалӣ мешавад ва барои 16 моҳ дар назар дошта шудааст.

Идораи кишоварзии Созмони Милал соли гузашта дар майдони беш аз 150 000 гектар заминҳои кишти Тоҷикистон чунин барномаро пиёда карда, аз нобудшавии ҳосили ин заминҳо дар натиҷаи ҳамлаи малах пешгирӣ карда буд.

Ин навбат лоиҳаи созмони ЮНФАО иҷрои чунин амалиёти пешгирӣ аз ҳамлаи малахро барои 72 000 гектар замини кишт дар назар гирифтааст.

XS
SM
MD
LG