Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари селро даҳҳо милён доллар мегуянд



Мирзои Салимпур



Хисороти ворида дар натиҷаи селу боришоти ахир танҳо дар ноҳияи Ленин ҳудуди 120 милён сомониро ташкил додааст, ки муодили тақрибан 40 милён доллари амрикоӣ мебошад.

Ин маълумотро рузи панҷшанбе Созмони ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар эълом кардаанд.

Дар асари сарозершавии сел хоҷагиҳои кишоварзӣ ва манотиқи маскунӣ дар навоҳии Фархору Ёвону Восеъ ва маҳаллаҳои қисмати шарқии пойтахти Тоҷикистон низ ба таври ҷиддӣ зарар дидаанд. Ҷамъи аҳолии зарадида дар натиҷаи офтаҳои табиӣ беш аз 1000 нафар гуфта мешавад.

Маҳмадуллоҳ Ҳалимов, раиси ситоди вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки онҳо дар пайи об шудани барф дар манотиқи куҳистон сарозер шудани селобаҳои ҷадидро интизор доранд.

XS
SM
MD
LG