Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ чандсола шудааст?



Абдуқаюми Қаюмзод

Наҳзати Ислом мегуяд, сӣ сол боз фаъолият дорад. Аммо ҷониби давлат ин иддаоро ғайримустанад хонд.

Нуктаи аслии мизигирде, ки зери унвони "Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) ва нақши он дар гуногунандешии сиёсии кишвар" бо иштироки намояндагон аз созмонҳои байналмилалӣ, аҳзоби сиёсӣ ва дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ доир гардид, ин буд, ки оё ҲНИТ метавонад худро сисола эълом дорад ё не. Иброҳим Усмонов, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон ва яке аз ширкатдорони ин мизигирд гуфт, ҲНИТ пас аз имзои Созишномаи Сулҳи кишвар дар соли 1997 ба сифати як қувваи сиёсӣ дар амри дастёбии ҷомиа ба сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намуд. Аммо, гуфт Иброҳим Усмонов, ба сифати як муаррих барои ман нофаҳмо аст, ки чаро Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон худро сисола эълон намудааст. Вай афзуд:

"Ман ба он андеша ҳастам, ки ҳизби наҳзат наметавонад сисолагии худро ҷашн гирад, зеро ҳизби наҳзат сисола нест. ҲНИТ шояд даҳ ё дувоздаҳ сол умр дорад, бо шумули он фаъолияте, ки аланӣ набуд, яъне рустӣ буд. Бо дарназардошти он таърихи ҳизби наҳзат ба 10 - 15 сол мерасад. Он маҳфилҳо, он сабақгириҳое, ки дар онҳо шояд ҳадафҳои сиёсӣ ҳам буда бошад, ин ҳануз дар бораи мавҷуд будани ҳизб гувоҳӣ намедиҳад."

Саидиброҳим Гадозода, муовини пешини раиси ҲНИТ ва узви феълии раёсати он дар робита ба мавзуъи баҳс ин нуктаро ёдовар шуд, ки дар замони шуруъи фаъолияти ҳизб, дар замони султаи ҳизби коммунист на танҳо барои як нируи сиёсии исломӣ, балки барои ҳеҷ қувваи дигари сиёсӣ шароит ва имконоти фаъолияти ошкоро мавҷуд набуд. Оқои Гадозода мегуяд:

"Тасаввур кунед, мешавад ки 500 - 600 нафар бираванд дар Астрахан ҷамъ шаванду гуянд, ки мо - ҳизб. Ин мантиқӣ нест охир. Пас маълум мешавад, ки чизе буд. Ё биоянд дар Тоҷикистону ариза бинависанд (яке аз он аризадиҳандагон ман будам), соли 1990 биоему ариза бинависем, ки мо мехоҳем шурои тоҷикистонии ҳизби наҳзати исломиро ташкил кунем. Бо вуҷуде ки ҳама дар хотир доред, ки КГБ ва ҳукумат манъ карду нагузошт, рафтему дар Чортут гузарондем ҷаласа. Яъне агар ташкилоте, ки вуҷуд намедошт, метавонист ин корро бикунад? Не! Бино бар он, хоҳиш мекунам, шумо ҳам ба як факти таърихӣ эътироф кунед. Инро ҳама эътироф кардааст. ҷаҳон эътироф кардааст. Мехоҳем ё намехоҳем, ҲНИТ ҳамчун як ҳаракат сисола шудааст."

Аммо намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон Суман Мирзоева, гуфт, Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон танҳо дар чаҳоруми декабри соли 1991 аз тарафи вазорати адлия сабти ном шуда буд.

Ёдовар мешавем, дар соли 1993 баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати феълӣ фаъолияти ҲНИТ аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардид. ҲНИТ яке аз ташакулҳои умдаи сиёсӣ ва низомӣ дар ҳайъати Иттиҳорди Мухолифини Тоҷикистон буд. Ба эътиқоди коршиносон, нируи аслии ҷангии мухолифони давлат дар солиёни ҷанги шаҳрвандӣ аъзои ҲНИТ будаанд.

Ҳамчунин сулҳи миёни ҳукумати Раҳмонов ва мухолифин низ бештар ба унвони сулҳи миёни давлат ва нируҳои исломӣ дониста мешавад.

ҲНИТ, ки шохаи низомии худро ба дунболи иҷро шудани созишномаи сулҳ мунҳал намуд, як ташакули умдаи сиёсӣ дар кишвар ба шумор меравад ва танҳо як ҳизби мухолифи давлат аст, ки тавонист намояндагони худро вориди порлумон намояд.

Аммо ҷомиашиноси тоҷик Саодат Олимова, аз ширкатдорони дигари мизигирд, бар асоси як назарсанҷие, ки дар манотиқи мухталифи кишвар доир намудааст, гуфт, ҲНИТ ҳамасола маъруфияти худро дар ҷомиа коҳиш медиҳад. Хонум Олимова афзуд:

"Дар ҳақиқат, ҲНИТ нисфи шумораи тарафдорони худро аз дод, ки ба ин чандин омил боис гаштааст. Аз ҷумла, яке аз ин авомил мушкилоти табдил аз як қудрати ҳарбиву сиёсӣ ба як ҳизби сиӣсие буд, ки акнун ошкоро фаъолият мекунад."

Саодат Олимова ҳамчунин гуфт, як сабаби дигари кам шудани тарафдорони ҳизби наҳзат ин аст, ки ҳизби исломӣ табиатан бояд дар мухолифат бо ҳукумат қарор дошта бошад, аммо раҳбарияти ҲНИТ баръакс, дар аксари авқот аз равиши ҳукумат ҷонибдорӣ мекунад. Аммо то ба охир миёни намояндагони ҳукумат ва ҳизби наҳзат дар хусуси сисола будани ҲНИТ тафоҳум ба даст наомад ва намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ба манзури рушанӣ андохтан ба ин қазия як дархости расмии вазорати адлия унвони раёсати ҲНИТ ирсол шудааст, то ишон ба таври хаттӣ тавзеҳ диҳанд, ки бар пояи кадом аснод худро сисола эълом доштаанд.

XS
SM
MD
LG