Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел боз чандин хонаи дигарро дар Тоҷикистон ба коми худ кашид



Раҳматкарими Давлат

Дар ноҳияи Ленин, Данғара, Восеъ ва Ашт селобаҳо чандин хонаро хароб ва киштзорҳои зиёдро вайрон карданд.

Дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби рудхонаҳои Варзоб, Элок ва Кофарниҳон даҳҳо манзили маскунии сокинони ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе хароб шудааст.

Ин ҳодиса ба дунболи боришоти пайдарпайи чанд рузи охир дар шаби 15 апрел ба 16 апрел ба вуқуъ пайвастааст. Аз маҷро берун рафтани оби рудхонаҳо дар ноҳияҳои атрофи Душанбе, ҳамчунин ҳудуди 2000 гектар киштзори пахта ва гандумро низ зери об мондааст. Хаҷми умумии хисорот то ба ҳол мушахасс нашудааст. Аммо ба гуфтаи мақомоти масъул ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба дунбол надоштааст.

Ба манзури рафъи оқибати ҳодиса ситоди махсус бо сарварии вазири ҳолатҳои фавқуллода таъсис ёфта ва дар айни ҳол неруҳои наҷоти вазорати умури истирории Тоҷикистон саргарми кумак ба мардуми офатзада мебошанд. Ҳамчунин Комиссиюни ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини раёсати корҳои фавқуллодаи дастгоҳи президенти Тоҷикистон Ҷумъабек Қурбонбеков ба хотири баррасии авомили ҳодиса ва таъмини шароит барои беҷошудагон дар маҳалли ҳодиса фаъолият мекунад.

У гуфт, аз ҷумла ҳашт хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Ленин дигар қобили бозсозӣ нест ва комилан вайрон шудааст. Оқои Қурбонбеков афзуд:"Ноҳияи Ленин хисороти зиёд дидааст. Аз соати 7 пагоҳии 16 апрел сар карда тамоми кормандони оқибатҳои офатҳо кору фаъолият доранд. Мо ҳоло комиссия ташкил кардем, ки ҳаҷми хисороти расидаро муайян кунад. Мо бояд зиёни расида ба хонаҳоро мушаххас намуда, ба ҳукумат гузориш диҳем.

Мақомоти масъул ҳодисаро як амри табиӣ арзёбӣ намуданд. Аммо сокинони деҳаи Ленини ноҳияи Ленин, ки бештар аз ҳама гирифтори зарар шудаанд, бо вазири умури фавқуллода Мирзо Зиёев сабаби руй додани ин ҳодисаро дар саҳлангории кормандони бозрасии давлатӣ гуфтанд.

Ба гуфтаи ин сокинон, кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ду саддеро, ки дар миёни ин дарё аз замони шуравӣ бунёд шуда буд, ба хотири он ки аз болои ин садҳои сохташуда мошинҳои боркаш убур накунанд, кандаанд ва ду сол ба ин ҷониб ба ин далел маҳаллаи онҳо зери об мемонад. Ба гуфтаи онҳо, ронандагони мошинҳои боркаш барои он ки ба кормандони бозрасии автомобилӣ пора надиҳанд, роҳи асосиро сарфи назар карда, аз руи садди мазкур убур мекарданд, вале бозрасони автомобилӣ саддро аз байн бурданд, то тавонанд аз ронандагон пора ситонанд.

Мардуми ба изтиробомада, ки аз эҳтимоли такрор шудани ҳодиса ҳарос доранд ба вазири умури изтирорӣ Мирзо Зиёев мегуфтанд:"Агар ҳамон саддро аз нав барқарор накунанд, сел аз нав хонаҳоро зер мекунад. Ин саддро кормандони ГАИ-и ноҳияи Кофарниҳон канданд, то пул кор кунанд. Ҳарчанд об зиёд баланд нашуда буд, вале бинобар набудани садд ба қишлоқ даромад."

То лаҳзае, ки мо аз ҷои ҳодиса дидан кардем, ба беҷошудагон ҳеҷ гуна кумаки мушахассе нарасида буд. Онҳое, ки хонаҳояшон дигар қобили истифода нестанд, дар масҷиди маҳалли дигар ба сар мебаранд.

Аз муовини сардори идораи умури фавқуллодаи раёсати ҷумхурӣ пурсидам, ки чӣ кумакеро барои ин беҷошудагон дар назар доранд. У гуфт, ба онҳо дар ҷои дигаре ба хотири бунёди манзил замин дода мешавад ва инчунин огоҳона ё нохудогоҳ афзуд, ба онҳо иҷоза медиҳем, ки ҳамин масолеҳи хонаҳои харобгаштаашонро барои сохтмони манозили нав истифода намоянд.

XS
SM
MD
LG