Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи муҳоҷирони тоҷик боздошт шуд



Хиромон Бақозода



Кумитаи амнияти Қазоқистон хабар дод, ки маъмурони интизомӣ як гуруҳи муҳоҷирони тоҷикро, ки дар Қазоқистони ҷанубии ин кишвар ғайриқонунӣ сукунат доштанд, боздошт карданд.

Дар баёнияи матбуотии кумитаи Қазоқистон гуфта мешавад, дар деҳаи Унибой-отаи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ рузи 14 апрел, дар як хона 69 муҳоҷири тоҷик боздошт шуданд, ки бо худ ягон ҳуҷҷат надоштанд.

Муҳоҷирин ба маъмурони интизомӣ гуфтаанд, ки ҳуҷҷатҳои худро ба раҳбари гуруҳ доданд, аммо ин раҳбар ғайб задааст. Эҳтимолан муҳоҷирин Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.

XS
SM
MD
LG