Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон аз парлумони кишвар



Раҳматкарими Давлат

Ҳизби Сотсиал Демократ мегуяд, раъйпурсии роҷеъ ба ислоҳи Қонуни Асосӣ бояд ба таъхир андохта шавад.

Ҳизби Сотсиал - Демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо нашри як баёния хостори ба таъвиқ андохтани рузи баргузории назарпурсии умумӣ ба хотири ислоҳоти Қонуни асосӣ ва ба баррасии умум вогузор намудани пешнависи ислоҳот шуд.

Дар баёния омадааст, моддаи шаши Қонуни асосӣ, ки дар он гуфта мешавад, халқ танҳо сарчашмаи аслии ҳокимияти давлатӣ аст, ҳангоми таҳияи тарҳи ислоҳот сарфи назар шудааст ва парлумон бидуни баррасии умумихалқӣ тарҳи ислоҳотро ба ҳамапурсӣ пешниҳод кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси ҲСДТ мегуяд, бар асоси усули умумии демукросӣ имкон надорад, ки ба 56 суоле, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешавад як ҷавоб дод. Ва бояд парлумон дар қарори худ таҷдиди назар кунад:"Маҷлиси Намояндагон метавонад, ки имруз ба қароре, ки қабул кард, тағйирот ворид кунад, то ин ки муҳокимаи умумихалқӣ дар мавриди ислоҳи Қонуни Асосӣ сурат гирад. Албатта дуввум чиз бояд Комиссиюни конститутсионӣ ташкил дода шавад ва дар матбуоти даврӣ, радио ва телевизиони Тоҷикистон баҳсҳо дар мавриди ислоҳоти конститутсионӣ баҳсҳо ба таври ошкор сурат бигиранд. Моддаи 6-ум Конститутсияи Тоҷикистон, ки халқро ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кардааст, риоя нашудааст."

Дар баёнияи Ҳизби Сотсиал Демократ омадааст, агар халқ танҳо сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ бошад, пас халқ ба Маҷлиси Намояндагон ин ваколатро надодааст, ки аз номи Халқи Тоҷикистон ба Конститутсия тағйирот ворид намояд.

Зимни ин баёния, ки таҳти номи "Эътирозот ва пешниҳодот" рузи душанбе, 14 апрел мунташир гардид, ҳамчунин бархе пешниҳодоти мушаххаси ҳизби мазкур дар мавриди ислоҳоти бандҳое аз Қонуни Асосӣ оварда шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов дар бораи ҷузъиёти ин пешниҳодҳо гуфт:"Мақоми сарвазири Тоҷикистонро дар низоми ҳокимият, кам кардани ваколати раисҷумҳури Тоҷикистон то 4 ё худ 5 сол, бо мақсади ба амал баровардани усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, баъзе салоҳиятҳои президенти Тоҷикистон бояд, ба ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти қонунгузории кишвар дода мешуд. Инчунин васеъ кардани салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳамчунин таъмин намудани кафолат ҳангоми ба амал баровардани салоҳияти мақомоти судӣ дар низоми давлатӣ бояд мешуд, афсус ки ин чизҳо қариб дастрас нашуд. Моддаҳои 8, 25, 6 қисми сеюми моддаи 32 ва дигар чизҳо ҳастанд, ки мо онҳоро инкор мекунем ба таври мушаххас таклифҳои худро навиштем."

Аммо Усмон Назиров - як вакили парлумони Тоҷикистон мегуяд, пешниҳоди тарҳи ислоҳот ба раъйпурси тибқи қонунҳои ҷорӣ сурат гирифтааст ва зарурате барои баррасии умумӣ намондааст, чун ба ақидаи ин вакили парлумон аъзои Маҷлиси намояндагон, ки тарҳи ислоҳотро баррасӣ намудаанд, танҳо намояндагони ваколатдори халқ мебошанд.

Оқои Назиров мегуяд:"Як рузи дароз ҳам дар назди депутатҳои Маҷлиси Миллӣ ва ҳам Маҷлиси Намояндагон мо онро муҳокима карданд, радду бадал карданд, ин ҷо ҳам миёни депутатҳо гуногунандешӣ буд ва ҳаққи мардум аст, ки дар раъйпурсӣ раъйӣ мухолиф медиҳанд ё мувофиқ.

Аксари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба ҷуз аз Ҳизби Халқӣ Демократӣ ва Ҳизби Коммунист, ки аксари курсиҳоро дар парлумон дар ихтиёр доранд, баргузории ҳамапурсӣ ба хотири ислоҳоти Қонуни Асосиро нобаҳангом донистаанд.

Созмони шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар пойтахти кишвар ҳатто ҳамапурсиро таҳрим кардааст. Аммо мақомоти ҲСДТ мегуянд, дар сурати пазируфта нашудани пешниҳодоташон масъалаи ширкат дар раъйпурсиро бо Шурои олии ҳизб баррасӣ хоҳанд кард.

Аммо ба назари коршиносон, ҷонибдорони ислоҳот ва худи шахси раиси ҷумҳур Раҳмонов низ ба фишор ва пешниҳоди мухолифин роҷеъ ба тағйири Қонуни Асосӣ ва ба таъхир андохтани рузи раъйпурсӣ тан дар нахоҳад дод. Раъйпурсие, ки имкони ширкати дубораи Раҳмоновро дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ фароҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG