Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селоба ду сокини Тоҷикистонро кушт



Абдуқаюми Қаюмзод



Ду сокини навоҳии Ёвон ва Совет бар асари ҳаводисе, ки ба дунболи боронҳои пайдарпай ба вуқуъ пайваст, ҷони худро аз даст доданд.

Абдураҳим Раҷабов - муовини вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса 12 ба 13 апрел рух дод. Вай афзуд, писарбачаи мактабхони 12 сола Мансур Ҳасанов зери сел монда ба ҳалокат расид. Ҷаноби Раҷабов гуфт, то ҳоли ҳозир шахсияти нафари дуввум, ки дар ноҳияи Совет қурбонии офати табиӣ шудааст, номаълум мебошад.

Муовини вазорати умури изтирории Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, дар дигар навоҳии кишвар низ бар асари ин боришот хисороте ба мардум ва кишоварзӣ ворид шудааст. Оқои Раҷабов гуфт, офати табиӣ махсусан дар ноҳияи Ёвон боиси комилан нобуд шудани даҳҳо манзили зист садҳо гектар майдони кишти гандуму пахта ва боғот, садҳо сар ҳайвоноти шахсиву ҷамъиятӣ ва ғайриқобили истифода шудани чандин километр хати интиқоли барқ гаштааст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG