Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Барномаи Ҷаҳонии Озуқа барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон



Тоҳири Сафар

Ин муассисаи имдодии Созмони Милал аз моҳи июли соли равон ба раҳандозии барномаи нав мепардозад.

Сар аз моҳи июли соли равон Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаи нави худ мепардозад, ки "Кумак ва барқарорсозӣ" унвон гирифтааст. Тибқи ин барнома корҳои барқарорсозӣ дар мадди аввал меистанд ва сипас расонидани ёриҳои башарӣ ва тақсими маводи ғизоӣ.

Ардаг Мегдесиён - раҳбари намояндагии ин муассисаи имдодии Созмони Милал дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд Тоҷикистони камбизоат аз ҷиҳати маводи ғизоӣ ниёз ба ёрмандӣ дорад, вале тағйири фаъолияти онҳо, яъне коҳиши кумак ва бештар кардани корҳои барқарорсозӣ намоёнгари он аст, ки вазъи башарӣ дар кишвар ба тадриҷ беҳбуд меёбад. Вай афзуд, аз ин сабаб дар барномаи нав тавваҷӯҳ ба корҳои барқарорсозӣ бештар хоҳад буд:"Ин як барномаи гузаришӣ аст, яъне барномаи гузариш аз кумак ба барқарорсозӣ. Аксарияти лоиҳаҳои ин барнома бозсозиву эҳёро дар назар дорад, аммо мо ҳамзамон расонидани кумакҳои башариро идома медиҳем, зеро ба андешаи мо ва тавре шумо низ медонед, Тоҷикистон то ҳол ба ёриҳои башарӣ эҳтиёҷ дорад. Раҳандозии барномаи мазкур аз моҳи июли соли 2003 оғоз меёбад ва дар қиёс ба чунин барномаҳои пешини мо зиёдтар маблағгузорӣ мешавад. Мо дар ду соли гузашта чунин барномаҳо доштем, вале барномаи нав 40 фоиз бештар маблағгузорӣ мешавад ва фарогиртар хоҳад буд."

Бинобар омори Бонки Ҷаҳонӣ 83 фоизи мардуми Тоҷикистон фақир ҳастанд ва моҳона 10 доллар даромад доранд. Барномаи Ҷаҳонии Озуқа мегӯяд, 12 дар сади мардуми Тоҷикистон ниҳоят қашшоқ ҳастанд ва 300 ҳазор нафар ниёзманди кумакҳои ғизоӣ мебошанд.

Бо назардошти ҳамаи ин, раҳбарияти Барномаи Ҷаҳонии Озуқа чанде пеш барномаеро тасдиқ кард, ки тибқи он тайи ду соли оянда ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 74 миллион доллар кумаки башарӣ расонида мешавад. Дар назар аст, аз ин ҳисоб ба 1,4 миллион нафар мардуми камбизоти ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ маводи имдодӣ расонида шавад.

Аммо хилофи солҳои пешин Барномаи Ҷаҳонии Озуқа ба мардуми камбизоат фақат як ҳиссаи ёриҳоро дар шакли маводи ғизоӣ тақсим ва ду ҳиссаи дигарро барои эҳёву барқарорсозӣ равона мекунад.

Барномаи Кумак ва Барқарорсозӣ, низ аз ҳамин ҳисоб маблағгузорӣ хоҳад шуд. Тибқи ин лоиҳа ба занони ҳомилаву соҳиби атфоли ширмак, маводи ғизоӣ тақсим мешавад. Барномаи Ҷаҳонии Озуқа дар назар дорад, 370 ҳазор муҳҳасили 1600 макотиби миёнаи кишварро низ бо маводи ғизоӣ таъмин кунад. Ин яке аз муҳимтарин қисми барномаи Кумак ва Барқарорсозӣ аст ва Ардаг Магдасиён мегӯяд, ин лоиҳа имкон медиҳад, наврасони зиёди мактабро тарк карда, барои таҳсил ба таълимгоҳҳояшон бозгарданд.

Ин барнома ҳамчунин ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши бемории сил дар Тоҷикистон ва табобати афроди мубталои бемории рӯҳӣ мадад мерасонад. Дар баробари ҳимоят аз қишрҳои осебпазир, барномаи Кумак ва Барқарорсозӣ омӯзиши ҳунарҳои парвариши мурғ, занбурпарварӣ ва дигар ҳунарҳои кишоварзиро ба фермерони тоҷик дар назар дорад.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқа ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини кишвар бо маводи озуқаи худӣ ёрӣ мерасонад. Дар ин роҳ ин муассисаи имдодии Созмони Милал барои хусусигардонии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсоли ғалла дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон мустақилан 40 фоизи ниёзмандиҳои кишварро бо гандум бароварда месозад.

Як бахши асосии Барномаи Кумак ва Барқарорсозии Созмони Милал таҷдиди инфраструктураҳои Тоҷикистон аст, ки замони ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ осеби зиёд дида буданд. Дар ин самт лоиҳаи Ғизо ба ивази кор амалӣ мешавад, ки тибқи он 55 ҳазор нафар дар ивази тармими роҳу пулҳо, мактаб ва бемористонҳо, на пул балки маводи ғизоӣ хоҳанд гирифт.

Аммо суол ин аст, ки ҳамаи ин барномаҳоро ки сармоягузорӣ хоҳад кард. Ардаг Мегдесиён раҳбари дафтари Барномаи Ҷаҳонии Озуқа ба Радиои Озодӣ гуфт, созмонаш умедвор аст, ки кишварҳои донори Тоҷикистон дар ин росто кумакҳои худро идома хоҳанд дод.

Вай афзуд:"Мо интизор дорем, ки кишварҳои донор ироаи кумакҳоро ба Тоҷикистон идома медиҳанд. Аммо мамолики аслии кумакрасон ба мо дар солҳои гузашта пеш аз ҳама Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Ҷопон ва кишварҳои дигари Аврупо буданд. Ва мо умедворем, ки давлатҳои мазкур расонидани кумакҳоро ба мо идома хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо чанд рӯзи пеш эълон кард, ки барои татбиқи барномаҳои имдодӣ дар Тоҷикистон 10 миллион евро ҷудо мекунад.

XS
SM
MD
LG