Раҳматкарими ДавлатЭмомалӣ Раҳмонов баъд аз анҷоми мулоқот гуфт, ривоҷи муносибот бо Украин аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвараш мебошад.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов ва Леонид Кучма масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба ва таъсиси фазои воҳиди иқтисодӣ ва масоили амниятӣ дар минтақа баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми ин мулоқот гуфт, ривоҷи муносибот бо Украин аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвараш мебошад.
Эмомалӣ Раҳмонов афзуд, дар бисёре аз масоили мавриди баҳс бо ҷониби Украин назари яксон доштааст:"Мо вазъи феълии ҳамкориҳо ва ояндаи ин муносибот инчунин авзои кишварҳоямон ва авзои байналмилалиро баррасӣ намудем. Мехоҳам таъкид намоям, роҷеъ ба ҳамаи ин масоили мавриди баҳс ва назарҳоямон ба ҳам наздиканд ва ё яксон мебошанд. Дар натиҷаи музокирот шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаҳои ҳуқуқиро барои густариши муносибатҳоямон фароҳам месозанд. Санадҳои имзошуда роҷеъ ба муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир ҳамкориҳо дар заминаи маориф, илм беҳдошт ва фаъолияти бонкӣ мебошанд."
Аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон пурсида шуд, ки оё кишвараш қасд дорад ба ҷамъи чор кишваре, ки санади умумии ҳамгироии минтақавиро имзо намудан бипайвандад? Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, бо назардошти таҷрибае, ки дар мавриди таъсиси сохторҳои мухталифи минтақавӣ доштаем, феълан ин масъла мавриди омузиш ва баррасии дақиқи коршиносонамон қарор дорад.
Леонид Кучма раиси ҷумҳурии Украин низ гуфт, масъалаи таъсиси фазои воҳиди иқтисодӣ дар миёни кишварҳои собиқи шуравӣ дар дасти баррасӣ мебошад ва ин мавзуъ низ аз масоили муҳими мавриди баҳси ду ҷониб будааст. У афзуд:"Мо ба натиҷае расидаем, ки дар моҳи сентябр ба созишномаи таъсиси фазои озоди иқтисодӣ имзо гузорем. Ба назари ман кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ агар ба ҳангоми иҷрои ин барнома хостҳо ва аҳдофи сиёсии худро пеш нагузоранд мо ба муваффақияти ин барнома умед дорем. Агар барномаҳои иқтисодии мо ба манфиати ҳамаи кишварҳо амалӣ шавад, он гоҳ манофеи сиёсиамон низ ба ҳам наздик хоҳад шуд."
Ду раиси ҷумҳурӣ ҳамчунин ба масъалаи Ироқ ва Афғонистон низ тавваҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ба назари Эмомалӣ Раҳмонов ҷанги Ироқба авзои Афғонистон таъсир гузоштааст. У афзуд ба ахборе, ки ҳосил кардааст, гуруҳҳои толибон дар ҷануб ва шарқи ин кишвар фаъол шудаанд ва ҳатто чанд минтақаи маскуниро дар ихтиёр низ гирифтаанд. Аммо гуфт боз ҳам хушбин аст ва умед дорад, ки авзо дар Афғонистон аз ин бештар ташшануҷ пайдо нахоҳад кард. Дар масъалаи Ироқ гуфт у, идомаи ҷангҳои чирикӣ ё партизаниро дар оянда низ набояд аз назар дур донист.
Леонид Кучма - раиси ҷумҳури Украин низ аз он ки ҷомеаи байналмилал дар ҳалли ғайринизомии қазияи Ироқ нотавон монд, изҳори таасуф кард ва бо таъкид ба нақши созмонҳои ҷахонӣ гуфт, набояд ҷанг ба василаи асосии ҳалли буҳронҳои байналмилалӣ табдил шавад.
Леонид Қучма аз кушта шудани як шаҳрванди кишвараш, хабарнигори шабакаи Рейтерс дар Ироқ низ изҳоҶи таассуф кард ва гуфт, ин ҷанг ҳамаи моро андаке дигаргуна хоҳад кард.