Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марз боз 140 кило ҳероин мусодира шуд



Мирзои Салимпур



Маъмурони милисаи нақлиёти Тоҷикистон мегуянд, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддир ба Русияро кашф карданд.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли раиси идораи милисаи нақлиёт Ҷурахон Зоиров менависад, рузи душанбе, 6 апрел аз қатори роҳи оҳани Душанбе -Астрахан ду нафари фурушанда ва харидори маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 2 кило ҳероин мусодира шудааст.

Дар маҷмуъ, аз аввали сол милисаи нақлиёт аз васоили нақлияи ҳавоиву заминӣ ва аз роҳи оҳан тақрибан 100 кило маводи мухаддир мусодира кардааст, ки бахши аъзами он ҳероин мебошад.

Ҳамзамон, гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки шаби сешанбе дар натиҷаи як амалиёти муштараки онҳо бо мақомоти вазорати дохилаи Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Афғонистон тақрибан 140 кило ҳероин гирифта шудааст.

Марзбонони рус шоми душанбе дар марз бо Афғонистон ҷасадеро ҳамроҳ бо як халта афюн пайдо кардаанд.

Гуруҳи марзбонии Русия мегуяд, танҳо дар зарфи 8 рузи аввали моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 450 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG