Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё хатари шуйуъи бемории САРС дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?



Раҳматкарими Давлат

Ба хотири пешгирӣ аз он дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан хатти карантин гузоштаанд.

Ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли шуйуъи бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш ё САРС дар Тоҷикистон тадобири ҷиддии беҳдоштӣ андешида шудааст.

Зиёвуддин Афғонов, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, маркази вогиршиносии Тоҷикистон ба ин манзур тамоми парвозҳоеро, ки аз фурудгоҳи Душанбе ба хориҷ аз кишвар анҷом мешаванд, таҳти назорат дорад ва ҳатто мусофироне, ки аз Маскав ва кишвархои муштаракулманофеъ вориди Тоҷикистон мешаванд, низ таҳти муоинаи пизишкӣ қарор хоҳанд гирифт.

Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт: "Мо ҳозир корҳое карда истодаем баҳри пешгирии ин беморӣ. Аз тарафи мо мактуб фиристода шудааст дар ин масъалаи назорат будани мусофироне, ки аз манотиқи дигар вориди Тоҷикистон мешаванд. Вақте ҳавопаймое хоҳ аз Русия ва хоҳ аз ҳар кишвари дигар дар фуруд поён мешавад, дар он ҷо нуқтаи назорати санитарӣ амал мекунад. Ғайри ин, нуқтаҳои санитариву карантинии мо дар фурудгоҳҳо ва дар истгоҳи роҳи оҳан изолятор доранд ва агар ягон нафар бо аломати беморӣ ворид шавад, онҳо супориш гирифтаанд, ки вайро ҳатман изолятсия кунанд ва табибони мутахассисро даъват карда, уро ташхис кунанд. Хулоса, ҳама кори лозимро бояд дар ҷояш иҷро кунанд."

Дар ҳоли ҳозир, парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Точикистон ба кишварҳое низ, ки шуйуъи ин беморӣ хеле зиёд мушоҳида мешавад, аз ҷумла ба Чин идома дорад, вале дар сурати кашфи ҳатто нахустин шубҳа дар мавриди пайдо шудани барандагони ин беморӣ имкон дорад ин парвозҳо то замоне таваққуф шаванд.

Оқои Афғонов таъкид намуд, то кунун аммо ҳеҷ маврид аз ин беморӣ ё нишонаҳои он дар Тоҷикистон сабт нашудааст, аммо ба ҳар сурат, вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо ҳамдастии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва маркази бемориҳои вогир чӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ ва чӣ дар дохили маҳалаҷоти маскунӣ назоратро барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли пайдо шудани ин беморӣ қувват мебахшанд.

Ба гуфтаи муовини вазири беҳдошт, дар шароити кунунӣ густариши ногаҳонии ин беморӣ барои Тоҷикистон ҳазинаҳои сангинеро ба дунбол хоҳад дошт аз ин ру мақомоти беҳдоштии кишвар тибқи мақоли "пешгирии беморӣ осонтар аз табобати он аст" амал кардаанд.

XS
SM
MD
LG