Департаменти Давлатии ИМАИстифодаи мақомоти Тоҷикистон аз амали шиканҷа
Гузориши Департаменти Давлатии Амрико мегуяд, қонунҳои Тоҷикистон шиканҷаро манъ мекунанд, аммо маълумоте мавҷуд аст, ки мақомоти амниятӣ, ба вижа ходимони вазорати дохилӣ, ба хотири эътирофи гуноҳ зиндониёнро мунтазам лату куб ва таҷовуз ва ба нируи барқ васл мекунанд. Масъулони ин гуна ҷиноёти ҷиддӣ умдатан беҷазо мемонанд ва ҳукумат танҳо якчанд нафарро бо ҷурми азияти маҳбусон муҷозот кардааст. Моҳи июл нуҳ афсари вазорати дохилӣ бо ҷурми хушунат ва истифодаи усули мамнуъ алайҳи зиндониён аз се то ҳафт сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ба ин гуруҳ ноиби раиси милисаи вилояти Суғд ва раиси милисаи шаҳри Хуҷанд шомил буданд.
Ҳукумат вуҷуди фасодкорӣ дар байни ходимони амниятиро эътироф мекунад ва медонад, ки аксар шаҳрвандон ба хотири сар ба сар нашудан бо пулис хомуширо авлотар медонанд.
Дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон аксари марзбонҳо дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд ва аҳолии маҳаллӣ аз ҷабри онҳо ва ҷиноятҳое, ки ҳамин низомиён содир мекунанд, шикоят мекунанд. Департаменти Давлатии Амрико бо такя ба гузориши созмони ғайридавлатии "Модар" мегуяд, занҳое, ки моҳи май июни соли гузашта марзи кишвар бо Узбакистону Қирғизистонро убур мекарданд, дар ҳар ду тараф низ бо баҳонаи ҷустуҷуи маводи мухаддир аз ҷониби марзбонон ба таври беруёна ва таҳқиромез кофтукоб шудаанд.
Гулчеҳра Мирзоева, раиси созмони "Модар" аз пастии сатҳи фарҳанги марзбонон шикоят мекунад ва мегуяд, онҳо бояд ҳатман дар курсҳои махсуси маърифатӣ таълим бигиранд: "Вақте мо ба таълими онҳо пардохтем, маълум шуд, ки марзбонон аксаран талаботи қонунгузориро хуб намедонанд ва намефаҳманд, ки бо зан чӣ гуна бояд мкуносибат кард."
Моҳи феврали соли гузашта якчанд ходими марзбони Тоҷикистон бо ҷурми суистифода аз мақом, фасодкорӣ, ғорат ва ҷабру озори шаҳрвандон то шаш сол зиндонӣ шуданд.
Дар гузориши Депатаменти Давлатии Амрико омадааст, мақомоти ҳифзи тартибот муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистонро мавриди таъқиб қарор дода, чанд нафари онҳоро бо баҳонаи гузаштани замони раводид зиндонӣ намуданд.
Гузориш меафзояд, ба фарқ аз солҳои гузашта ҳодисаҳои лату куби журналистҳо аз тарафи ходимони ҳифзи тартибот ё онҳое, ки бо либоси низомӣ худро ходими пулис муаррифӣ мекарданд, мушоҳида нашудааст.
Дар идомаи гузориш бо такя ба маълумоти мақомоти ниҳодҳои муборизакунанда бо қочоқи маводи мухаддир аз гуруҳҳои муташакили ҷиноии тоҷику афғон сухан меравад, ки дар марз амал мекунанд ва мардуми манотиқи сарҳадиро ба азобу шиканҷа гирифтор кардаанд. Соли гузашта салоҳияти идораи маҳбасҳои Тоҷикистон аз вазорати дохилӣ ба вазорати адлия гузашт ва созмонҳои байналмилалӣ ин амалро қадаме ба суи меъёрҳои байналмилалӣ хонданд. Аммо бо вуҷуди ин вазъи зиндониён мисли солҳои гузашта сангин боқӣ мондааст.
Гузориш мегуяд, соли гузашта мақомоти ҳифзи тартибот боздошти интихобии шаҳрвандонро идома доданд. Аксар бандҳои қонуни ҷиноии Тоҷикистон аз шуравии собиқ мерос мондаанд ва бо такя ба онҳо метавон як шаҳрвандро чанд муддат дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошт. Пулис ҳақ дорад, гумонбарро 72 соат ва додситонӣ барои 10 руз бидуни иҷоза боздошт намояд. Кодекси ҷиноӣ муҳлати ҳабси пешакиро 15 моҳ муайян кардааст. Се моҳи аввали боздошт бо иҷозаи додситони маҳаллӣ, се моҳи дуюм бо иҷозаи прокурори минтақавӣ ва ҳамагуна тағийроти минбаъда бо дастури додситони кулл анҷом мешвад.
Қонуни ҷиноӣ таъкид мекунад, ки тамоми раванди тафтишот як моҳ пеш аз анҷоми муҳлати 15 моҳа бояд хотима ёбад. Ҳеҷ гуна тасдиқи иттиҳом аз ҷониби додгоҳ ва ё мурофиъаи пешакӣ тақозо намешавад.
Як маҳдудияти дигар барои муттаҳамон, ҳабси бидуни ҳаққи мукотиба аст. Мақомот чанд гуруҳеро бо иттиҳоми куштор боздошт намуданд, ки муддати тулонӣ ҳақ надоштанд бо хешони худ мукотиба ва мулоқот намоянд ва иттиҳоми расмии онҳо низ эълон намешуд.
Ба гуфтаи Департаменти давлатӣ, дар бисёр ҳолат воқеъияти иттиҳоми куштор низ зери суол буд ва нозирони дохиливу хориҷӣ ба заминаҳои сиёсии чунин парвандаҳо ишора мекарданд. Барои намуна моҳи марти соли гузашта додгоҳ шаш нафарро ба иттиҳоми куштори мовини собиқи вазири умури дохила Ҳабиб Сангинов дар соли 20001 маҳкум кард. Аммо иддао мешуд, ки ин мурофиъа заминаи сиёсӣ дошт ва рабт додани парвандаву Ҳабиб Сангинов бо маводи мухаиддир ба хотири пушонидани иллати аслии куштор анҷом шуд.