Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тайи ду руз дар марз 5 қочоқбар кушта шуд



Хиромони Бақозода



Нируҳои марзбони Русия мегуянд, шаби якшанбе дар мавзеъи куҳистони минтақаи марзии Маскав дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 3 қочоқбари маводи мухаддирро кушта, аз ҷойи ҳодиса 4 халтаи ҳомили тақрибан 100 кило бангу афюнро мусодира кардаанд.

Дар як рузи пеш дафтари матбуоти гуруҳи марзбонии Русия аз кушта шудани ду қочоқбари дигар ва мусодираи 300 кило ҳероин хабар дода буд. Дар он даргирӣ се қочоқбари дигар маҷруҳ шудаанд.

Ба ин тартиб, танҳо дар зарфи ду рузи охир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 5 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG